Аз бозгардонии осор то ғаромати фарҳангӣ. Африқо чӣ мехоҳад?
https://parstoday.ir/tg/news/world-i123074-Аз_бозгардонии_осор_то_ғаромати_фарҳангӣ._Африқо_чӣ_мехоҳад
Порс-Тудей. Олмон 12 қитъа асари бостонии салтанатиро ба Эфиопия бозгардонд.
(last modified 2025-11-24T12:49:27+00:00 )
Ноябр 24, 2025 17:47 Asia/Dushanbe
  • Аз бозгардонии осор то ғаромати фарҳангӣ. Африқо чӣ мехоҳад?
    Аз бозгардонии осор то ғаромати фарҳангӣ. Африқо чӣ мехоҳад?

Порс-Тудей. Олмон 12 қитъа асари бостонии салтанатиро ба Эфиопия бозгардонд.

Ба гузориши “Порс-Тудей”, Олмон дар як маросими расмӣ, ки дар Аддис-Абеба, пойтахти Эфиопия баргузор шуд, 12 қитъа асари бостонии салтанатиро ба ин кишвар бозгардонд.

Алҷазира дар гузорише дар ин замина навишт: Ин осор пас аз ҳудуди 100 сол ба Эфиопия бозгардонда шуданд. Ин маҷмӯаи осор дар даҳаи 1920 мелодӣ ба дасти дипломати олмонӣ Франтс Вайс ва ҳамсараш Ҳедвиг дар даврони иқомати онҳо дар Эфиопия гирдоварӣ шуда буд.

Ин маҷмӯа шомили ду тоҷи салтанатӣ, зираҳои тазйиншуда, шамшере ҳамроҳ бо камарбанди он, пӯшишҳои суннатии сар, осори ҳунарӣ ва як нусхаи хаттии қадимӣ аст. Агарчӣ ҷузъиёти наҳваи ба даст омадани ҳар як аз ин осор дар даҳаи 1920 ба таври комил фош нашудааст, аммо ҳар ду тараф таъкид кардаанд, ки ин иқдом бахше аз талоши густардатар барои ҳифозат аз мероси фарҳангӣ ва тазмини ҳузури он дар муҳити аслии худ аст.

 Бозгардондани 12 қитъа асари таърихӣ аз сӯи Олмон ба Эфиопия пас аз ҳудуди як қарн, агарчӣ дар нигоҳи нахуст метавонад иқдоме мусбату умедворкунанда ба назар бирасад, аммо агар ин рӯйдод дар бистари воқеии таърихи истеъмор дар Африқо дида шавад, маънову вазни дигаре пайдо мекунад. Ончи имрӯз ба Эфиопия бозгардонда шуд, дар асл ҳаргиз набояд аз ин сарзамин ҷудо мешуд. Ин осор на дар натиҷаи як мубодилаи баробарии фарҳангӣ, балки дар сояи равобити нобаробари қудрат, султаи сиёсӣ ва сохторҳои истеъморӣ аз қораи Африқо хориҷ шуданд. Сохторҳое ки қарнҳо манобеи табиӣ, неруи инсонӣ, сарзамин ва дар ниҳоят ҳофизаи фарҳангии ин миллатҳоро ба яғмо бурданд.

Дар даврони истеъмор ғорат танҳо ба тилло, алмос ва манобеи хом маҳдуд набуд. Яке аз амиқтарин лояҳои ин пружа, сирқати фарҳанг, тахриби ҳувияту тасоҳуби намодҳои таърихии миллатҳо буд. Муҷассамаҳо, нусхаҳои хаттӣ, тоҷҳои салтанатӣ, абзорҳои ойинӣ ва осори муқаддас аз шаҳрҳо, маобиду кохҳои африқоӣ ба музейҳои Аврупо мунтақил шуданд ва дар витринҳое қарор гирифтанд, ки худро намояндагони тамаддун меномиданд. Ин дар ҳолест, ки бахши бузурге аз шукуҳи фарҳангии Аврупо бар пояи ҳамин ғаноиму мероси ғоратшуда бино шуд. Имрӯз низ ҳазорон асари африқоӣ дар музейҳову маҷмӯаҳои хусусии Аврупо нигаҳдорӣ мешавад. Осоре ки соҳибони воқеии онҳо барои дидани мероси худ ночоранд аз ҳамон сохторҳое иҷоза бигиранд, ки замоне онро ба зӯр аз онҳо гирифтаанд.

Дар чунин шароите бозгардондани чанд асари пароканда, ҳарчанд арзишманд, наметавонад ҷубронкунандаи умқи беадолатии таърихӣ бошад. Ончи имрӯз беш аз ҳар чиз матраҳ аст, на як иқдоми намодин, балки мафҳуми “ғаромати фарҳангӣ” аст. Мафҳуме ки фаротар аз бозгардондани чанд шайъи таърихӣ аст ва ба ҳаққи миллатҳо барои бозёбии ҳувият, таърих, ҳофизаи ҷамъӣ ва ривояти мустақил аз гузаштаи худ бозмегардад. Ғаромати фарҳангӣ, яъне пазириши расмии ин воқеият, ки истеъмор як хатои таърихӣ ё фасле гузашта набуда, балки низоме мунсаҷим, мубтанӣ бар ғорат, таҳқиру ҳазфи фарҳангӣ будааст, ки паёмадҳои он ҳанӯз ҳам дар сохторҳои иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва равонии ҷавомеи африқоӣ дида мешавад.

Дар ин шароит, ғаромати фарҳангӣ танҳо дар бозгардондани ашё хулоса намешавад, балки бояд шомили ҳимояти воқеӣ аз зерсохтҳои фарҳангӣ дар кишварҳои африқоӣ низ бошад. Аз бозсозӣ ва густариши музейҳову марокизи нигаҳдории осор гирифта то омӯзиши неруи инсонии мутахассис, кумак ба ҳифозат аз мероси фарҳангӣ ва бозгардондани асноду архивҳое, ки тайи даҳаҳо дар Аврупо анбошта шудаанд. Бозгардондани як муҷассама ё нусхаи хаттӣ, бидуни фароҳам кардани абзорҳои лозим барои нигаҳдорӣ, мутолиаву намоиши он дар кишвари мабдаъ, дар воқеъ навъе шона холӣ кардан аз масъулият аст. Ин дақиқан ҳамон нуқтае аст, ки бисёре аз иқдомоти кишварҳои аврупоӣ дар он мутаваққиф шудаанд. Бозгардондани маҳдуду пурсару садо, бидуни тааҳҳуди баландмуддат ба тармими хисоратҳои амиқи фарҳангӣ.

Аз сӯи дигар, ғаромати фарҳангӣ ба маънои бозгардондани ҳаққи ривоят низ ҳаст. Қарнҳост, ки таърихи Африқо аз зовияи нигоҳи истеъморгарон навишта шудааст. Дар китобҳо, музейҳо ва донишгоҳҳое, ки фарҳанги ин қораро ба шакли “бадавӣ”, “экзотик” ё “ақибмонда” ба намоиш гузоштаанд. Бозгардондани мероси фарҳангӣ, яъне бозгардондани имкони ривояти таърих ба худи миллатҳо, яъне ин ки Африқо битавонад гузаштаи худро бо забон, нигоҳу ҳофизаи таърихии хеш бозгӯ кунад, на аз даричаи нигоҳи аврупоиҳо.

Дар ниҳоят, Африқо ниёзманди садақа ё лутфи ҳеҷ қудрате нест. Ончи имрӯз мутолиба мекунад, ҳаққе мусаллам аст, ки қарнҳо аз он гирифта шудааст. Ғаромати фарҳангӣ на як дархости эҳсосӣ, балки як мутолибаи таърихӣ ва машруъ аст. Мутолибае барои бозгардондани ончӣ ба ноҳақ рабуда шуду бозсозии ончи ба амд ё бо сукути ҷаҳонӣ вайрон шуд. Агар Аврупо худро муддаии ахлоқ, ҳуқуқи башар ва адолат медонад, озмуни воқеиаш на дар шиор, балки дар мизони пойбандӣ ба ҳамин асли сода хулоса мешавад: бозгардондани мерос, ҷуброни хисорат ва эҳтиром ба ҳувияти миллатҳо.