Қаҳрамонии тими футзали Эрон дар Ҷоми миллатҳои Осиё
https://parstoday.ir/tg/news/iran-i124106-Қаҳрамонии_тими_футзали_Эрон_дар_Ҷоми_миллатҳои_Осиё
Порс Тудей - Тими миллии футзали Эрон дар як финоли ба ёдмонданӣ ва пур аз фарозу нишеб, қаҳрамони Ҷоми миллатҳои Осиё 2026 шуд.
(last modified 2026-02-08T07:25:45+00:00 )
Феврал 08, 2026 09:12 Asia/Dushanbe
  • Қаҳрамонии тими футзали Эрон дар Ҷоми миллатҳои Осиё

Порс Тудей - Тими миллии футзали Эрон дар як финоли ба ёдмонданӣ ва пур аз фарозу нишеб, қаҳрамони Ҷоми миллатҳои Осиё 2026 шуд.

Ба гузориши Порс Тудей, финоли Ҷоми миллатҳои футзали Осиё 2026 байни тимҳои Эрону Индонезияи мизбон баргузор шуд ва дар поён тими Эрон муваффақ шуд дар заработи пеналтӣ ҳарифи худро шикаст дода ва ба чаҳордаҳумин қаҳрамонии худ дар Осиё бирасад.

Дар нимаи нахуст ибтидо тими Эрон тавассути Ҳусайни Тайибӣ ба гол расид, аммо дар идома бозикунони Индонезия муваффақ шуданд се гол ба самар бирасонанд. Шогирдони Шамсоӣ, ки аз ин натиҷа шока шуда буданд, талоши зиёде барои ҷуброни натиҷа доштанду тавонистанд тавассути Маҳдии Каримӣ яке аз голҳои Индонезияро ҷуброн кунанд.

Нимаи нахуст дар охир бо натиҷаи се бар ду ба суди мизбон ба поён расид.

Дар нимаи дувум тими Эрон дар ҳамон ибтидо тавонист бо голи Саиди Аҳмадаббосӣ глли тасовиро ба самар бирасонад. Чанд сония баъд тими Индонезия тавонист рӯи иштибоҳи мудофеъи тими Эрон ба голи бартарӣ бирасад.

3 дақиқа монда ба поёни бозӣ, тими Эрон хеле сареъ тавассути Каримӣ ба голи тасовӣ даст ёфт. Дар ниҳоят вақтҳои маъмули бозӣ бо тасовии 4 бар 4 ба поён расиду бозӣ ба вақтҳои изофа кашида шуд.

Ҳар ду тим дар вақти изофа аввал натавонистанд голе ба самар бирасонанд, аммо дар нимаи дувум бозикунони Индонезия рӯи иштибоҳу ғафлати мудофеъони Эрон тавонистанд голи бартариро ба самар бирасонанд. Тими Эрон низ каме баъд тавассути Солори Оқопур муваффақ шуд бозиро ба тасовӣ бикашанд то дар ниҳоят ин бозии ҳассос ба заработи пеналтӣ бикашад. Дар заработи пеналтӣ низ тими Эрон муваффақ шуд бо натиҷаи 5 бар 4 Индонезияро шикаст дода ва қаҳрамони Осиё шавад.