Сентябр 13, 2024 18:01 Asia/Dushanbe

Раиси Ҷумҳурии исломии Эрон дар дидор бо нухбагони фарҳангӣ, мазҳабӣ, донишгоҳӣ ва ҷамъе аз ашоири Басраи Ироқ гуфт: Агар мусулмонон бо якдигар бародарӣ кунанд ва муттаҳид бошанд, режими Исроил ҷуръати қатли ом нахоҳад дошт.

Масъуди Пизишкиён, раиси Ҷумҳурии исломии Эрон дар охирин марҳила аз сафари расмии серӯзаи худ ба Ироқ, зуҳри рӯзи пас аз вуруд ба Басра, дар дидор бо нухбагон, донишгоҳиён ва ашоири Ироқ ҳузур ёфт ва дар суханоне бо баёни ин ки ҳазрати Алӣ (а) нафармуд муъминин бо муъминин баробаранд, балки фармуданд: «Мусалмон бо мусалмон баробар аст», гуфт: Агар мо мусулмонон бо ҳар бовару эътиқоде бо ҳам бародарӣ кунем, режими саҳюнистӣ ҳаргиз наметавонад мусулмононро қатли ом кунад.

Масъуди Пизишкиён, раиси Ҷумҳурии исломии Эрон рӯзи чаҳоршанбе (11 сентябр) дар аввалин сафари хориҷӣ, дар садри ҳайате баландпоя вориди Бағдод шуд ва мавриди истиқболи расмии Муҳаммад Шайёъ Ассудонӣ, нахуствазири Ироқ қарор гирифт.

Раиси Ҷумҳурии исломии Эрон дар ду рӯзи гузашта илова бар дидору ройзанӣ бо раиси ҷумҳурӣ ва нахуствазири Ироқу мақомоти минтақаи Курдистони Ироқ, ба зиёрати ҳарами мутаҳҳари имом Алӣ (а), имом Ҳусайн (а) ва ҳазрати Абулфазлилаббос (а) низ мушарраф шуд.

Сафари раиси Ҷумҳурии исломии Эрону ҳайати ҳамроҳ ба Ироқ дар расонаҳои ироқӣ ва дигар кишварҳои ҷаҳон бозтоби густардае доштааст.

 

Барчасп