Мувофиқати Раҳбари муаззами инқилоб бо афв ё тахфифу табдили муҷозоти ҳудӯди се ҳазор нафар аз маҳкӯмон ба муносибати мелоди Паёмбари гиромии Ислом (с)
Сентябр 20, 2024 17:25 Asia/Dushanbe
Дар остонаи солрӯзи мелоди ҳазрати Муҳаммади Мустафо (с) ва ҳазрати имом Содиқ (а), Раҳбари муаззами Инқилоби Исломӣ бо дархости раиси қувваи қазоияи Эрон барои афв ё тахфифу табдили муҷозоти ҳудӯди се ҳазор нафар аз маҳкӯмони маҳоким мувофиқат карданд.
Ба гузориши пойгоҳи иттилоърасонии дафтари мақоми муаззами раҳбарӣ, ҳуҷҷатулислом валмуслимин Муҳсини Ижаӣ дар номае ба Раҳбари муаззами Инқилоби Исломӣ бо ишора ба фаро расидани мелоди босаодати Паёмбари Ислом (с) ва имом Содиқ (а) хостори афв ё тахфифу табдили муҷозоти «ду ҳазору ҳаштсаду ҳаштоду ҳафт» нафар аз маҳкӯмони маҳокими умумӣ ва инқилоб, Созмони қазоии неруҳои мусаллаҳ ва Созмони таъзироти ҳукӯматӣ шуда буд.