Ду аниматсияи эронии "Гавазн" ва "Қуқнус" дар феҳристи барандагони Ҷашнвораи байналмилалии "мазҳаби имрӯз" дар Италия
(last modified 2024-09-29T05:56:37+00:00 )
Сентябр 29, 2024 10:56 Asia/Dushanbe
  • Ду аниматсияи эронии
    Ду аниматсияи эронии "Гавазн" ва "Қуқнус" дар феҳристи барандагони Ҷашнвораи байналмилалии "мазҳаби имрӯз" дар Италия

Порс тудей - Аниматорҳои эронӣ дар феҳристи барандагони ҷашнвораи байналмилалии филми «мазҳаби имрӯз» дар Италия қарор гирифтанд.

Аниматорҳои эронии «Гавазн» ва «Қуқнус»-(Феникс) дар феҳристи барандагони 27-умин Ҷашнвораи байналмилалии филми «мазҳаби имрӯз» (Religion Today), ки аз таърихи 18 то 25 сентябри 2024 дар Италия баргузор шуд, қарор гирифтанд.

Ба гузориши Порс тудей, дар ҷашнвораи байналмилалии аниматсия «Гавазн», сохтаи Борони Сиддиқиён муваффақ ба касби ҷоизаи беҳтарин аниматсияи кӯтоҳи ин рӯйдоди синамоӣ шуд.

Ин аниматсия достони як оҳуи захмиро ривоят мекунад, ки сафареро барои шифо ва даруннигарӣ оғоз мекунад ва тасмим мегирад галаи худро тарк кунад ва ба дунболи худаш биравад.

Ҳамчунин аниматсияи «Қуқнус» ба коргардонии Муно Шамс низ тақдири вижаи ҳайати доварони бахши аниматсияи Ҷашнвораи байналмилалии филми «мазҳаби имрӯз»-ро дарёфт кард.

Ҷашнвораи филми «мазҳаби имрӯз» дар соли 1997 ба унвони аввалин ҷашнвораи синамои маънавӣ ва гуфтугӯ байни адёни Италия таъсис шудааст.

 

Барчасп