Истиқболи марказҳои омӯзишӣ дар кишварҳои минтақа аз тахтаҳои ҳушманди эронӣ; Озмоишгоҳи маҷозии химия ва физика
(last modified 2024-10-12T09:57:37+00:00 )
Октябр 12, 2024 14:57 Asia/Dushanbe
  • Истиқболи марказҳои омӯзишӣ дар кишварҳои минтақа аз тахтаҳои ҳушманди эронӣ; Озмоишгоҳи маҷозии химия ва физика

Як ширкати донишбунёни эронӣ бо тарроҳӣ ва тавлиди "тахтаи синфии ҳушманд", муваффақ ба содироти ин маҳсул ба кишварҳои Ироқ, Афғонистон ва Лубнон шуд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон,тахтаи ҳушманд, як навъ тахтаи электроникӣ аст, ки бо истифода аз фановарии диҷитолӣ(рақамӣ) ба вуҷуд меояд. Ин тахта ба кумаки нармафзор ва шабакаи бесим ба корбар иҷоза медиҳад, иттилоотро ба сурати диҷитолӣ бар рӯй сафҳаи тахта намоиш диҳад. Ба гузориши Порс тудей, Ризо Ҷаъфар Таботабоӣ-мудири омили ширкати эронии «Донишоварон», тахтаи ҳушманди Порсро як абзори омӯзишии навин барои баргузори дарсҳои ҳушманд баршумурд ва гуфт: Ин тахтаи ҳушманд, нармафзори комилан қавӣ ва абзорҳои гуногуни тадрис аз ҷумла озмоишгоҳҳои маҷозӣ химия ва физика ва абзори тарсими намудорҳои риёзиро дорост.Таботабоӣ таъкид кард: Ин тахтаи ҳушманд, суръати омӯзишро дар марокизи илмӣ бисёр боло мебарад.Таботабоӣ дар поён аз истиқболи кишварҳои минтақа аз ин маҳсул ва содироти он хабар дод.

 

Барчасп