Раисони Ҷумҳурии Эрон ва Фаронса тавофуқномаи оташбас миёни Ҳизбуллоҳи Лубнон ва режими саҳюнистиро барраси карданд
(last modified 2024-10-14T08:21:30+00:00 )
Октябр 14, 2024 13:21 Asia/Dushanbe
  • Раисони Ҷумҳурии Эрон ва Фаронса тавофуқномаи оташбас миёни Ҳизбуллоҳи Лубнон ва режими саҳюнистиро барраси карданд
    Раисони Ҷумҳурии Эрон ва Фаронса тавофуқномаи оташбас миёни Ҳизбуллоҳи Лубнон ва режими саҳюнистиро барраси карданд

Раисони Ҷумҳурии Эрон ва Фаронса роҳкорҳои тавақуфи даргири ва барқарории оташбас миёни Ҳизбуллоҳи Лубнон ва режими саҳюнистиро барраси карданд.

Ба гузориши пойгоҳи иттилоърасонии раёсатҷумҳури, раисони Ҷумҳурии Исломии Эрон ва Фаронса, Масъуди Пизишкиён ва Эммануэл Макрон рӯзи якшанбе дар як гуфтугуи телефонӣ дар бораи таҳаввулоти ахир дар минтақа, ба хусус ташдиди буҳрон дар ҷануби Лубнон, гуфтугу карданд.

Ҷумҳурии Исломи бо таъкид бар ин ки Эрон ҳамеша хостори як минтақаи амн аз ҷанг ва ошуб аст ва аз оташбас ва қатъи ҷангу низоъ истиқбол кардааст, афзуд, ҳатто пас аз терори ноҷавонмардони Исмоил Ҳания дар Теҳрон аз суи режими саҳюнистӣ бо ваъдаи оташбас аз ҷониби сарони кишварҳои ғарбӣ ва ба умеди ҷилавгирӣ аз куштори мардуми мазлум ва бегуноҳ, барои муддате худдорӣ кард, аммо бо ташдиди бомбаборон ва ҷиноят дар навори Ғазза ва густариши он ба Лубнон саҳюнистҳо нишон доданд, ки ба ягон чорчубаи башардустона ва қонунҳои байналмиллали пойбанд нестанд.

Барчасп