Эрон дар дифои машруъ аз ҳокимияту тамомияти сарзаминии худ тардид намекунад
(last modified Fri, 01 Nov 2024 16:28:56 GMT )
Ноябр 01, 2024 21:28 Asia/Dushanbe
  •  Эрон дар дифои машруъ аз ҳокимияту тамомияти сарзаминии худ тардид намекунад

Намояндагии Эрон назди Созмони Милали Муттаҳид ва соири созмонҳои байналмилалии мустақар дар Женева эълом кард: Ҷумҳурии исломии Эрон дар чорчӯби ҳуқуқи байналмилал, заррае дар дифои машруъ аз ҳокимияту тамомияти сарзаминии худ тардид нахоҳад кард.

Намояндагии Эрон назди Созмони Милали Муттаҳид ва соири созмонҳои байналмилалӣ дар Женева дар ёддоште хитоб ба аъзои Конфронси халъи силоҳи ин ниҳоди байналмилалӣ, бо ташреҳи маҷмуаи иқдомоту моҷароҷӯиҳои муғойир бо ҳуқуқи байналмилали режими Исроил зидди ҳокимияту тамомияти сарзаминӣ, ҳамлаи ин режим ба чанд пойгоҳи низомӣ дар Эронро нақзи фоҳиши усули аввалияи ҳуқуқи байналмилал, масуниятҳои дипломативу консулӣ, банди чаҳори моддаи дуи эъломияву қатъномаҳои СММ донисту таъкид кард, ки Эрон ҳаққи зотии худ барои дифоъ аз атбоъ, манофеъ ва амнияти миллиаш зайли моддаи 51-и эъломияро маҳфуз медонад.

Намояндагии Эрон назди СММ ва соири созмонҳои байналмилалӣ дар Женева бо ишора ба анҷоми амалиёти “Ваъдаи содиқ 1” ва “Ваъдаи содиқ 2” дар посух ба таҷовузоти низомии мукаррари режими Исроил афзуд: “Ҷумҳурии исломӣ пас аз як давраи хештандорӣ ва мушоҳидаи беамалии маънодору мунзаҷиркунандаи Шӯрои Амнияти СММ дар расидагӣ ба ҷароиму ҷиноёти Тел-Авив, амалиёти низомии маҳдуд ва дақиқеро зидди бархе аз аҳдофи низомии режими Исроил иҷро кард.

Дафтари намояндагии Эрон дар Женева хитоб ба аъзои Конфронси халъи силоҳ гуфт: Муттаассифона, ҳар гуна хештандории Эрон барои ҳифзи сулҳу амнияти минтақаӣ ва байналмилалӣ муҷиби муҳосиботи ғалати режими Исроил шуда ва бинобарин, Ҷумҳурии исломии Эрон маҳкумияти ин ҳамалот ва гомҳои ҷиддиву муассире барои водор кардани режими Исроил ба поёни ҷароиму ҷинояти шанеъи худро хостор аст.