Ироқчӣ: Эрон дар замону шакли муносиб ба саҳюнистҳо вокуниш нишон хоҳад дод
Вазири умури хориҷаи Эрон бо ишора ба таҳоҷуми ахири режими Исроил ба Эрон гуфт: Ҷумҳурии исломӣ ҳаққи худ барои вокунишро канор нагузошта ва дар замони худ ва ба шакле, ки муносиб аст, вокуниш нишон хоҳад дод.
Сайид Аббоси Ироқчӣ, вазири умури хориҷаи Эрон дар ҷамъи фармондеҳону коркунони Ситоди фармондеҳии кулли Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ изҳор дошт: Эрон ба таври расмӣ ба ҷомеаи ҷаҳонӣ эълом кардааст, ки таҳоҷуми ахири режими саҳюнистӣ ба Эрон, як таҳоҷуми ҷадиду мустаҳаққи вокуниш аст.
Ироқчӣ ҳамчунин бо ишора ба замони иҷрои амалиёти «Ваъдаи содиқи 3» изҳор дошт: Дар тӯли 12 моҳи гузашта ба сурати хос Эрон бисёр ҳушмандона ва бо дироят бархӯрд кардаву тасмимоташ ҳаяҷонӣ ва эҳсосӣ набудааст. Барои “Ваъдаи содиқи 3” низ ҳамин хоҳад буд.
Раиси дастгоҳи дипломатии Эрон бо баёни инки ончӣ пеши роҳи ҷангро мегирад, омодагӣ барои ҷанг аст, афзуд: Душманоне ки таҳдид мекунанд, мунтазири заъф аз сӯи тарафи муқобил ҳастанд, ки агар заъф бубинанд, кори худро анҷом хоҳанд дод. Пас хеле муҳим аст, ки дар шароити ҷангӣ муҳкаму қавӣ истодагӣ кард.
Вазири умури хориҷаи Эрон бо таъкид бар ин ки майдону дипломатия бо ҳам ягонагӣ доранд ва аз ҳам аслан ҷудо нестанд, афзуд: Дипломатия ба иттикои қудрат ҳаракат мекунад ва агар қудрате вуҷуд надошта бошад, аз дипломатия коре барнамеояд.