Конфронси байналмилалии "Шаҳриёр" шоири маъруфи эронӣ дар Истанбул; салом бар Ҳайдар бобо
(last modified Sun, 15 Dec 2024 09:39:11 GMT )
Декабр 15, 2024 14:39 Asia/Dushanbe
  • Конфронси байналмилалии \
    Конфронси байналмилалии \"Шаҳриёр\" шоири маъруфи эронӣ дар Истанбул; салом бар Ҳайдар бобо

Порс тудеӣ- дувумин конфронси байнулмилалии гиромидошти шоири маъруфи эронӣ Муҳаммадҳусайни Шаҳриёр дар Истамбули Туркия бо ҳузури устодони донишгоҳҳои Эрон ва Туркия ва пажӯҳишгарони Ҷумҳурии Озарбойҷон, Гурҷистон, Арманистон, Бангладеш, Узбакистон ва Тоҷикистон баргузор шуд.

Сайид Муҳаммадҳусейни Баҳҷати Табрезӣ 11 даймоҳи соли 1285 - 27 шаҳривармоҳи соли 1367 ҳиҷрӣ маъруф ба Шаҳрёр, шоири маъруфи эронӣ аз Табрез аст, ки ба забонҳои туркӣ, озарбойҷонӣ ва форсӣ шеър менависад. Муҳимтарин осори Шаҳрёр шеъри "Салом бар Ҳайдарбобо" мебошад, ки ба зиёда аз 80 забони зиндаи ҷаҳон тарҷума шудааст. Ба гузориши Порс тудеӣ, дар ин чорабинӣ, ки таҳти сарпарастии машварати фарҳангии Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Истанбул баргузор шуд, Алӣ Гузелюз, мудири бахши забон ва адабиёти форсии факултаи адабиёти Донишгоҳи Истамбул, бо ишора ба таъсири амиқи осори Шаҳриёр, шоири саршиноси эронӣ бар дӯстдорони назм ва адаб дар Туркия гуфт: Шаҳриёрро бояд аз маъруфтарин шоирони эронӣ дар даврони муосир шумурд.

Муҳаммад Маҳдипур, раиси факултаи адаби форсӣ ва забонҳои хориҷии донишгоҳи Табрез, дар шимолу ғарби Эрон, аз мақоми адабии профессор Шаҳриёр ситоиш карду гуфт: Шаҳриёр натанҳо шоири тавоно, балки пули фарҳангӣ дар миёни қавмхо ва забонхои гуногун, ки дар ашъори онхо арзишхои умумият доранд, инсонро тасвир намуда, берун аз марзи забонй ва чуғрофй дар таърихи адабиёти чахон таассуроти абадй гузошта аст.

Аҳмад Муҳаммадӣ, консули Эрон дар Истанбул низ ба мавқеъи барҷастаи ин шоири бузург дар адабиёти эронӣ ишора карду гуфт: Шаҳриёр шоире буд, ки ҳамеша ба мушкилот ва ормонҳои мардум таваҷҷуҳ мекард ва дар ашъори худ, муътадили поквичдонй ва самимият буд.