Раҳбари Инқилоби Исломӣ: Роҳбурди ҳамешагии шаҳид Сулаймонӣ эҳёи ҷабҳаи муқовимат буд
Ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ дар маросими панҷумин солгарди шаҳодати шаҳид Сулаймонӣ бо баёни инки роҳбурди ҳамешагии шаҳид Сулаймонӣ, эҳёи ҷабҳаи муқовимат буд, гуфтанд: Дифо аз ҳаримҳои муқаддас барои Ҳоҷи Қосими Сулаймонӣ як асл буд; ӯ Эронро ҳам ҳарам итлоқ мекард.
Ба гузориши хабаргузории Садо ва симо ба нақл аз пойгоҳи иттилоърасонии дафтари ҳифзу нашри осори ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ, дар остонаи панҷумин солрӯзи шаҳодати шаҳид сипаҳбад Ҳоҷи Қосим Сулаймонӣ, фармондеҳи фақиди неруи Қудси сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ, хонаводаҳои ин шаҳиди азизу ҳамроҳонаш, хонаводаҳои шуҳадои ташйиъ дар соли 98, хонаводаҳои шуҳадои ҳодисаи террористии соли гузаштаи Кирмон ва ҷамъе аз хонаводаҳои муаззами шуҳадо, исоргарону фаъолони ҳавзаи муқовимат, субҳи имрӯз (чаҳоршанбе) бо ҳузур дар ҳусайнияи имом Хумайнӣ (раҳ.) бо ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ, раҳбари Инқилоби Исломӣ дидор карданд.
Раҳбари инқилоб дар ин маросим бо ёди он шаҳид гуфтанд: Марқади шаҳид Сулаймониро ҳазорон нафар аз роҳҳои дуру наздик ва ҳатто дигар кишварҳо зиёрат мекунанд; ин иззат, подоши дунявии Худованд ба ихлоси ӯст. Роҳбурди ҳамешагии шаҳид Сулаймонӣ эҳёии ҷабҳаи муқовимат буд.
Эшон афзуданд: Дифо аз ҳаримҳои муқаддас барои Ҳоҷи Қосими Сулаймонӣ як асл буд; ӯ Эронро ҳам ҳарам итлоқ мекард.
Раҳбари инқилоб бо баёни инки иддае аз рӯи адами таҳлили дуруст ва адами фаҳми дуруст ва адами шинохти лозим аз масоил, тасаввур мекунанд ва ба забон меоваранд ва шояд тарвиҷ мекунанд, ки бо ҳаводиси ахири минтақа, хунҳое, ки дар роҳи дифо аз ҳарам рехта шуд, ҳадар рафт! Фармуданд: Хатои бузург ва ин иштибоҳи бузургро инҳо мекунанд; агар ин ҷонҳо намерафтанд ва ин мубориза анҷом намегирифт ва ин Ҳоҷи Қосими Сулаймонӣ дар кӯҳҳо ва биёбонҳои ин минтақа бо он шаҳомат ҳаракат намекарду дунболи худаш [ин шуҳадоро] намекашонд, имрӯз аз ин аътоб(остонҳои)-и муқаддас хабаре набуд.
Раҳбари инқилоб таъкид карданд: Хуне, ки дар роҳи ҳақ рехта бишавад ҳадар намеравад, бидонед, инҳо ки имрӯз ҷавлон медиҳанд; зери пои муъминон лагадмол мешаванд.