Истиқболи густардаи ироқиҳо аз намоиши эронӣ – ироқии «Қиёмат ал арз»
Порс тудей. Намоиши майдонии «Қиёмат ал арз», асаре муштарак аз ҳунармандони эронӣ ва ироқӣ, бо истиқболи густардаи мардуми Ироқ мувоҷеҳ шуд.
Намоиши «Қиёмат ал арз» дар шаҳри Носирияи Ироқ бо ҳамкории ҳунармандони эронӣ ва ироқӣ ва истиқболи 50 ҳазорнафарии мардуми Ироқ ба кори худ поён дод.
Ба гузориши Порс тудей, ин намоиш, ки бузургтарин намоиши майдонӣ дар Ироқ башумор меравад, достоне аз ҳубути ҳазрати Одам (а) то зуҳӯри ҳазрати Маҳдӣ (а)-ро ба тасвир кашида ва вақойъи муосири Ироқ бавижа рашодатҳои ҷараёни муқовиматро ривоят мекунад.
Пеш аз ин, «Қиёмат ал арз» дар шаҳрҳои Карбало, Бағдод, Ҳала, Мӯсилу Басра иҷро шуда буд ва қарор аст пас аз поёни иҷро дар Носирия, дар соири шаҳрҳои Ироқ низ ба намоиши дарояд.
Намоиши майдонии «Қиёмат ал арз», ҷилвае аз ҳамкории ҳунарии Эрон ва Ироқ аст, ки пайвандҳои фарҳангӣ ва таърихии амиқи ин 2 миллатро барҷаста мекунад.