Чаро Исроил овозаи террори Трамп тавассути Эронро мунташир кард?
(last modified Wed, 15 Jan 2025 08:01:00 GMT )
Январ 15, 2025 13:01 Asia/Dushanbe
  • Чаро Исроил овозаи террори Трамп тавассути Эронро мунташир кард?

Порс тудей - Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон дар гуфтугӯ бо як расонаи амрикоӣ таъкид кард: Эрон ҳомии сулҳу танишзудоӣ дар минтақа ва ҷаҳон аст.

Ба гузориши Порс тудей, Масъуди Пизишкиён, раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон шомгоҳи сешанбе дар гуфтугу бо шабакаи телевизионии NBC зимни маҳкӯм кардани таҷовузу наслкушии режими саҳюнистӣ алайҳи мардуми бегуноҳи фаластинӣ дар Борикаи Ғазза таъкид кард: Ҷумҳурии Исломии Эрон хоҳони сулҳу танишзудоӣ дар минтақа, ҷаҳон ва омодаи музокираи шарофатмандона ва баробар аст.

Пизишкиён дар посух ба пурсише аҷиб мабнӣ бар инки «яке аз таҳдидҳои эҳтимолӣ барои дипломасӣ метавонад ин бошад, ки Иёлоти муттаҳидаи муътақид аст, Эрон нақша дорад, ки Доналд Трампро террор кунад. Оё чунин нақшае будааст?», гуфт, ҳамаи террорҳое, ки дар минтақа, Аврупо ва ҷоҳои дигар мебинем, оё асаре аз эрониҳо дар онҳо аст?! Оё иртиботе будааст ?, Ҳаргиз!; Ончӣ тавтеа алайҳи Трамп гуфта мешавад, нақшаи Исроилу дигар кишварҳо барои тарвиҷи душманӣ бо Эрон аст.

Дар идома Пизишкиён таъкид кард, ки Эрон ба дунболи ҷанг нест, аммо дар сӯрати ҳамла ба сайтҳои ҳастаии худ омодаи дифо аз худ хоҳад буд.

Пизишкиён гуфт: «Бибинед, табиатан мо ба ҳар иқдоме вокуниш нишон хоҳем дод.»

Ӯ бо баёни инки «мо аз ҷанг наметарсем, аммо ба дунболи он нестем», афзуд: «Ман комилан умедворам, ки ин иттифоқ рух надиҳад, зеро ба зарари ҳамаи бозигарон хоҳад буд.»

Пизишкиён гуфт, ки душманони Эрон, Теҳронро ба талош барои сохтани бомб «барои сохтани навъе баҳона» муттаҳам мекунанд, аммо ӯ афзуд: «ин дуруст нест.»