Намоиши 4 асар дар чаҳорумин рӯзи Ҷашнвораи филми Фаҷр
Феврал 04, 2025 12:16 Asia/Dushanbe
Дар чаҳорумин рӯз аз Ҷашнвораи филми Фаҷр чаҳор филми “Лулӣ”, “Жулет ва шоҳ”, “Шимол аз ҷануби ғарбӣ” ва “Чашмбодомӣ” дар синамои расонаҳо дар бурҷи “Мелод”-и Теҳрон ба рӯи парда рафт.
Ҷашнвораи филми Фаҷр як ҷашнвораи синамоӣ дар Эрон аст, ки аз соли 1361 (1982) дар миёнаи баҳманмоҳ (авоили феврал), ҳар сол дар Теҳрон баргузор мешавад.