Рӯзи табиат дар Эрон; Бузургтарин пайки неки хонаводагӣ дар ҷаҳон + аксҳо
Порс Тудей - Имрӯз чаҳоршанбе (дувуми апрел), сездаҳумин рӯзи фарвардинмоҳ дар тақвими расмии Эрон, ба унвони Рӯзи табиат номгузорӣ шудааст.
Мардуми Эрон дар сездаҳумин рӯз аз соли нав бино ба суннати писандида ва некӯ ба домони табиат мераванд то зимни лаззат бурдан аз мавоҳиби табиӣ, рӯзе пур аз нишоту хотираангезро канори хонавода ва наздиконашон сипарӣ кунанд.
Ба гузориши Порс Тудей сездаҳуми фарвардини ҳар сол, охирин рӯз аз таътилоти наврӯзӣ аст, ки “сездаҳбадар” ном дорад. Эрониёни қадим пас аз 12 рӯзи ҷашну шодӣ, ки ба ёди 12 моҳи сол аст, рӯзи сездаҳуми Наврӯзро ба боғу саҳро мерафтанд то охирин рӯзи идро дар табиат ва дар канори сабза ва гиёҳу оби равони чашмаҳо ва ҷӯйборҳо бигузаронанд.

Табиат аз дербоз мавриди эҳтироми мардуми Эрон буда ва дар ҳифзу покизагии он кӯшидаанд. Гардиши эрониён дар сездаҳумин рӯз аз Наврӯз, бузургтарин пайки неки ҷаҳонӣ аст ва барпоии ҷашнҳо ва ойинҳои вижаи ин рӯз, решаи бостонӣ ва таърихӣ дорад.

Мардуми Эрон дар давраҳои мухталифи торихӣ, Наврӯзро ҷашни офариниш ва оғози ҳастӣ медонистанд ва поёни онро рӯзи сездаҳуми фарвардин мепиндоштанд; ин рӯз назди эрониён бисёр муборак ва фархундааст.
Эрониён ҳамчунин баргузории ойини сездаҳумин рӯзи Наврӯзро, иқдоме барои қадршиносӣ аз неъматҳои Худованд медонанду тамошои зинда шудани табиатро нишоне аз қиёмату маъод қаламдод мекунанд.

Ақвоми эронӣ ба фарохури фарҳангу русуми минтақаии худ, ойинҳои хосе дар ин рӯз доранд, аз ҷумлаи ойинҳои сездаҳбадар, гиреҳ задани сабза ва низ андохтани сабза ба рӯдхона аст.