Ҳушдори вазири хориҷаи Эрон ба хаёлпардозони кӯдаккуши Тел Авив
Порс Тудей - Вазири хориҷаи Эрон дар паёме сареҳ хитоб ба муттаҳидони режими саҳюнистӣ дар Амрико ҳушдор дод.
Ба гузориши Порс Тудей, Саидаббоси Ироқчӣ, вазири хориҷаи Эрон рӯзи душанбе дар шабакаи иҷтимоии Х, сареҳ хитоб ба муттаҳидони режими саҳюнистӣ дар Иёлоти муттаҳида ҳушдор дод, ки ҳеҷ роҳи ҳали низомӣ алайҳи Эрон вуҷӯд надорад ва Теҳрон ба ҳар гуна ҳамлаи низомӣ, билофосила посухе мушобеҳ хоҳад дод.
Ироқчӣ навишт: «Хаёлпардозии Исроил, ки тасаввур мекунад, метавонад ба Эрон дикта кунад, чӣ коре анҷом диҳад бо воқеият фосила дорад.»
Вай бо интиқод аз изҳороти Бинямин Натаняҳу, нахуствазири режими саҳюнистӣ, ки ба дунболи таъсиргузорӣ бар сиёсати хориҷии давлати Доналд Трамп дар қиболи Эрон аст, афзуд: «Вақоҳати Натаняҳу қобили таваҷҷуҳ аст, ки мехоҳад ба раисиҷумҳур Трамп дикта кунад дар дипломасӣ бо Эрон чӣ коре анҷом диҳад.»
Вазири хориҷаи Эрон бо ишора ба музокироти ғайримустақими Теҳрон бо давлати Трамп, изҳор дошт, ки муттаҳидони Натаняҳу дар тими пешини давлати Байден, ин гуфтугӯҳоро ба иштибоҳ ба унвони талош барои эҳёи БарҶом ҷилва медиҳанд.
Вай таъкид кард: «Эрон ба андозаи кофӣ қудратманд аст, ки талошҳои бадхоҳони хориҷӣ барои харобкорӣ ё дикта кардани сиёсати хориҷиашро хунсо кунад.»
Ироқчӣ ҳамчунин бо баёни инки бисёре аз эрониён дигар ба кифояти БарҶом итминон надоранд ва ба дунболи манофеи малмӯс ҳастанд, афзуд: «Ҳеҷ гузинаи низомӣ алайҳи Эрон вуҷӯд надорад ва ба ҳаргуна ҳамла, билофосила посухи мушобеҳ дода хоҳад шуд.»