Истиқболи Эрон аз Паймони дӯстии абадии Узбакистон, Тоҷикистон ва Қирғизистон
Порстудей-Сухангӯи Вазорати умури хориҷаи Эрон аз имзои Паймони таъйини нуқтаи пайванди марзҳои се кишвар ва баёнияи «Хуҷанд» дар бораи дӯстии абадии байни се кишвари ҳамҷавори Узбакистон, Тоҷикистон ва Қирғизистон истиқбол кард.
Содир Ҷабборов-раисҷумҳури Қирғизистон, Эмомалӣ Раҳмон-раисҷумҳури Тоҷикистон ва Шавкат Мирзиёв-раисҷумҳури Узбакистон ба тозагӣ дар шаҳри Хуҷанд, Паймони таъйини нуқтаи пайванди марзҳои давлати се кишвар ва баёнияи «Хуҷанд» дар бораи дӯстии абадиро имзо карданд. Дар ҳамин замина ва ба гузориши Порстудей,Исмоили Бақоӣ,сухангӯи Вазорати умури хориҷаи Эрон шомгоҳи ҷумъа ин тавофуқро гоми муҳим аз сӯи ин кишварҳо дар ростои эҳтироми мутақобил ба тамомияти сарзаминӣ ва ҳокимияти миллии якдигар, эътимодсозии мутақобил ва таҳкими сулҳ ва субот дар Осиёи марказӣ тавсиф кард.
Бақоӣ бо ишора ба мавзеъи усулии Эрон дар ҳимоят аз талошҳо ва ибтикорҳои кишварҳои минтақаи Осиёи марказӣ барои ҳаллу фасли мусоламатомези ихтилофоти марзӣ ва тақвияти ҳамгароӣ дарунминтақаӣ, ибрози умедвори кард, ки тавофуқи сеҷонибаи Узбакистон - Тоҷикистон - Қирғизистон тазминкунандаи сулҳ ва суботи пойдор дар минтақа ва заминасози тафоҳум ва ҳамкории бештар дар заминаҳои мухталиф ва тақвияти рушд ва тавсеаи иқтисодии кишварҳои минтақа бошад.
Иртиботи Эрон бо кишварҳо бар асоси манофеъи дутарафа
Хабари дигар инкӣ Ҳамидризо Ҳоҷибобоӣ- намояндаи Маҷлиси шӯрои исломии Эрон, ки дар сарварии ҳайати парлумонӣ ба Тошканди Узбакистон сафар кардааст, дар дидори Танзила Норбоева-раиси маҷлиси Сенати ҷумҳурии Узбакистон бо баёни инки дар шароити кунунӣ алоқаи зиёде барои афзоиши сатҳи муносибот ва равобит миёни ду кишвар вуҷуд дорад, афзуд: Асоси сиёсати кишвари Эрон чандҷонибагароӣ ва иртибот бо ҳамсоягон аст.
Вай тасреҳ кард: Иртиботи Эрон бо кишварҳо бар асоси манофеъи дутарафа ва ба сурати бурд- бурд аст, мо нигоҳи истеъморӣ ва истисморӣ ба ҳеҷ кишваре надорем ва иҷоза намедиҳем ҳеҷ кишваре ин нигоҳро ба мо дошта бошад.