Оё амрикоиҳо метавонанд ба Эрон биёянд?
-
Оё амрикоиҳо метавонанд ба Эрон биёянд?
Порс-Тудей. Суоле ки зеҳни бисёреро даргир карда, ин аст ки: оё амрикоиҳо метавонанд ба Эрон сафар кунанд? Посухи кӯтоҳ ин аст: Бале.
Бо вуҷуди танишҳои сиёсии даҳаҳои ахир миёни Эрону Амрико, Эрон солона мизбони теъдоде гардишгари амрикоӣ аст, ки бо кунҷковӣ ба ин кишвар сафар мекунанд то тасвире воқеитар аз Эронро таҷриба кунанд.
Ба гузориши Порс-Тудей, бар хилофи ривоятҳои расонаии Ғарб, бисёре аз ин гардишгарон аз меҳмоннавозии эрониён шигифтзада мешаванд.
Drew Binsky, бо номи аслии Древ Голдберг, мутаваллиди шаҳри Даллас дар иёлати Техаси Амрико мегӯяд: “Бар хилофи ақидаи умумӣ, Эрон бениҳоят амн аст ва мардуме меҳмоннавоз дорад, ки пеш аз ин ҳаргиз мисли он надида будам. Онҳо (мардум) то замоне ки мутмаин шаванд шароитам муносиб аст ва дар амният ҳастам, ҳамроҳиам мекарданд. Воқеан намехоҳам шуморо фиреб диҳам. Тамоми чизҳое ки гуфтам, 100 дарсад воқеият аст”.
Ҷон Пол Силва, ки бо номи мухтасари Ҷ.П шинохта мешавад, аз Орландои Флорида ҳам дар бораи сафараш ба Эрон мегӯяд: “Меҳмоннавозии эрониҳо дар ҷаҳон назир надорад”.
Вай дар се бор сафараш ба Эрон як шаб ҳам дар ҳотел ё мусофирхона сипарӣ накардааст ва ҳамеша меҳмони хонаҳои мардуми Эрон будааст.
Ӯ мегӯяд: Ҳамин тавре шуруъ шуд. Хонаи яке будам ва баъд мепурсиданд, сафари баъдӣ кадом шаҳр хоҳад буд ва мегуфтам намедонам, шояд Исфаҳон биравам. Баъд мегуфтанд, оҳо олӣ, онҷо писарамӯи ман дар Исфаҳон аст ва метавонӣ биравӣ хонааш бимонӣ ва ба ҳамин тартиб дар шаҳрҳои дигар.
Таҳримҳои Амрико - садде миёни мардуми ду кишвар
Аммо чаро бо вуҷуди ин таҷрибаҳои мусбат, сафари амрикоиҳо ба Эрон ҳамчунон маҳдуд аст?
Фотима Муҳоҷиронӣ, сухангӯи давлати Эрон ахиран дар гуфтугӯе ишора кард: “Мо ҳеҷ гоҳ мушкиле бо сармоягузорӣ ё ҳузури амрикоиҳо надоштаем. Ин онҳо ҳастанд, ки худро аз зарфиятҳои азими Эрон маҳрум кардаанд”.
Бақоӣ, сухангӯи Вазорати хориҷаи Эрон
Бақоӣ низ дар нишасти хабарии ахири худ таъкид кард: “Мушкили аслӣ қонунҳои печидаву таҳримҳои чандлояи Амрикост, ки ҳатто муровидоти иқтисодии содаро барои шаҳрвандонаш душвор кардааст”.
Таърихчаи пуртаниш: Аз кудатои 28 мурдод то таҳримҳои золимона
Кудатои 28 мурдодро бояд сароғози дахолатҳои Амрико дар умури Эрон ба ҳисоб овард. Бино бар эътирофи амрикоиҳо, ки дар асноди мунташиршуда тавассути созмони СИА ва Вазорати хориҷаи Амрико мунъакис шудааст, намояндагони дастгоҳи амниятии Англия мавзӯи барандозии давлати Мусаддиқ ва ҷойгузин кардани як ҳукумати комилан вобастаро ба намояндагони СИА пешниҳод карданд, ки бо посухи мусбати амрикоиҳо дар фарвардини 1332 мувоҷеҳ шуданд.
Пас аз он дар даврони инқилоби исломӣ таҳримҳои якҷонибаи Амрико алайҳи Эрон, на танҳо иқтисод, балки ҳатто иртибототи мардум ба мардумро низ таҳти таъсир қарор дод.
Ояндаи равобит: фурсатҳо дар пастанишҳо
Агарчӣ дахолатҳову сиёсатҳои Амрико боиси тира шудани равобити Эрону Амрико шудааст, аммо таҷрибаҳои мусбати гардишгарону тамоюли бахше аз ҷомеаи касбу кори ин кишвар нишон медиҳад, ки зарфияти ҳамкориҳои иқтисодӣ ва фарҳангӣ вуҷуд дорад. Шояд рӯзе бирасад, ки дипломатия ҷойгузини таҳрим шаваду сафар ба Эрон барои ҳар амрикоӣ ба содагии хариди як билети ҳавопаймо бошад.