Имом Хоманаӣ: Режими Исроил мунтазири муҷозоте сахт бошад
-
Саййид Алии Хоманаӣ, Раҳбари инқилоби исломии Эрон
Порс-Тудей. Раҳбари инқилоби исломии Эрон дар пайи ҳамлаи Исроил фармуданд: Режими саҳюнӣ бо ин ҷиноят, барои худ сарнавишти талху дардноке тадорук дид ва онро қатъан дарёфт хоҳад кард.
Ба гузориши Порс-Тудей, дар пайи таҷовузу ҷиноёти саҳаргоҳи имрӯз (ҷумъа)-и режими Исроил алайҳи Эрон, имом Хоманаӣ, Раҳбари инқилоби исломӣ хитоб ба миллати бузурги Эрон паёме содир карданд.
Матни паём ба шарҳи зер аст:
Бисмиллоҳир раҳмонир раҳим
Миллати бузурги Эрон!
Режими саҳюнӣ дар саҳаргоҳи имрӯз дасти палид ва хунолуди худро ба ҷинояте дар кишвари азизамон гушуду зоти хабиси худро бо задани марокизи маскунӣ беш аз гузашта ошкор кард. Режим бояд мунтазири муҷозоте сахт бошад.
Дасти қудратманди Неруи мусаллаҳи Ҷумҳурии исломии Эрон ӯро раҳо нахоҳад кард, биизниллоҳ.
Дар ҳамалоти душман тане чанд аз фармондеҳону донишмандон ба шаҳодат расиданд, ҷонишинону ҳамкорони онон бедиранг вазоифи худро пай хоҳанд гирифт, иншоаллоҳ.
Режими саҳюнӣ бо ин ҷиноят барои худ сарнавишти талху дардноке тадорук дид ва онро қатъан дарёфт хоҳад кард.
Саййид Алии Хоманаӣ
23/03/1404
(13.06.2025)