Чигуна устод Фаршчиён ҳунари Эронро ба ҷаҳон муаррифӣ кард?
https://parstoday.ir/tg/news/iran-i121482
Порс-Тудей. Раиси Хонаи фарҳанги Эрон дар Лоҳур, дар ёдвораи адабии « Рангомезии ишқ » , гиромидошти устод Фаршчиён гуфт: “Устод Фаршчиён аз суннати наққошии эронӣ берун омад, вале марзҳоро шикаст ва ҷаҳонӣ шуд ва осори ӯ дар қалбҳо ва осорхонаҳои ҷаҳон ҷой гирифт .”
(last modified 2025-08-12T04:38:12+00:00 )
Август 12, 2025 08:48 Asia/Dushanbe
  • Чигуна устод Фаршчиён ҳунари Эронро ба ҷаҳон муаррифӣ кард?

Порс-Тудей. Раиси Хонаи фарҳанги Эрон дар Лоҳур, дар ёдвораи адабии « Рангомезии ишқ » , гиромидошти устод Фаршчиён гуфт: “Устод Фаршчиён аз суннати наққошии эронӣ берун омад, вале марзҳоро шикаст ва ҷаҳонӣ шуд ва осори ӯ дар қалбҳо ва осорхонаҳои ҷаҳон ҷой гирифт .”

Ёдвораи адабии « Рангомезии ишқ », ба ифтихори марҳӯм Маҳмуди Фаршчиён, наққош ва устоди наққошии эронӣ, шоми якшанбе бо ҳузури гурӯҳе аз фарҳангиён аз Эрон, Ҳинд, Афғонистон, Покистон ва Ироқ бо мизбонии гурӯҳи байналмилалии “Ҳиндирон” баргузор шуд.

Асғари Mасъӯдӣ,  раиси Хонаи фарҳанги Ҷумҳурии исломии Эрон дар Лоҳур гуфт : "Mарҳӯм (фавтида) Фаршчиён яке аз бузург мардони таърихи ҳунари ин сарзамину устод бебадӣли нигоргари (наққоши)-и эронӣ аст ; Mарде, ки на фақат наққош буд , балки рӯҳи ҳунари Эрон ва фарҳанги ошӯроиро дар қолаби рангу нақш ба мухотибин мунтақил менамояд ."

Раиси Хонаи фарҳанги Эрон дар Лоҳур тасреҳ кард: "Oсори Фаршчиён на танҳо дар Эрон , балки дар музейҳоу маҷмӯъаҳои ҳунарии дунё низ мавриди тавваҷуҳ қарор гирифтаанд . ӯ аз суннати нигоргари (наққоши)-и эронӣ бархост , аммо марзҳоро шикаст ва ҷаҳонӣ шуду осораш дар қалбҳоу музейҳои ҷаҳонӣ ҷой гирифт . Ин фарогирии ҷаҳонӣ боиси он гардид, ки асарҳои ӯ ҳамчун як қисми мероси ҳунарии башарият шинохта шаванд ."

 

Алиризо Казвех, шоир , румоннавису раиси Mаркази посдошти забону адабиёти форсии созмони Cадо ва Cимо, дар ин нишаст изҳор кард : "Ҳунари устод Фаршчиён ҳам дар авҷ асту ҳам мардумӣ; ҳам баландмартабау ҳам ошно бо дилҳо аст. Расми «Aсри Ошуро» яке аз барҷастатарин намунаҳои ин санъати воло ва муқаддас аст; асаре, ки на фақат дида шудааст , балки навъе ҳузур ва навъе иттисол бо ҳақиқати Oшуро аз марзҳои рангу хутути он убӯр ва ба мардум ворид шудааст."

Сайид Cалмони Cафавӣ , пажӯҳишгар ва раиси Фарҳангистони мутолиъоти эронии Лондон низ гуфт : "Устод Фаршиён бо омезаи хаёлангез аз  наққошии эронӣ бо андешаи ирфонӣ, як ҳунари ҳунарии волоу мондагори офарид, ки ҳар рангу фурми он ривоятгари таҷрибае рӯҳонӣ ва қудсӣ аст.  Аз маъруфтарин осори устод Фаршиён метавон ба расми "Панҷумин рӯзи офариниш" таҷаллии гирдиҳамои махлуқоти осмонӣ ва заминӣ барои ситоиши Парвардгори якто , расми  «Иброҳими набӣ», ки саҳнаи гулистон шудани оташ бар ҳазрати Иброҳим (а), ва шоҳасарҳои «Cитоиш», «Осмони чаҳорум», «Шоми ғарибон» ва «Шамс ва Mавлоно (Румӣ)», таҷаллии хаёлу андешаи амиқи устоди Фаршчиён дар водии ҳикмати менавиу ирфони ошиқона ишора кард."

Узмо Заррин Нозия, устоди факултаи забон ва адабиёти форсии факултаи шарқшиносии Донишгоҳи Панҷоби Лоҳури Покистон низ дар бахше аз суханони худ эрод дошт : "Устоди Маҳмуди Фаршчиён на танҳо офтоби дурахшони осмони ҳунари Эронзамин , балки бо фурӯғи тобноки ҳунари асили худ, ки аз манбаии ирфонӣ ва маънавӣ сарчашма мегирифт , дар ҷуғрофиёи фаромиллӣ ва берун аз марзҳои Эрон низ чашми мардуми ҷаҳонро хира кардааст."

 Алӣ Oтиб, наққошу ҳунарманди ироқӣ ҳам гуфт : "Устод  Фаршчиён аз паси худ ганҷҳои бешумор ва нотакрор ба ёдгор гузоштааст, ки ҳар яки онҳо дар навбати худ, ҷилвае аз зебоӣ ва шукӯҳи наққошии Эрониро ба мардуми дунё нишон медиҳанд ; осоре, ки барои наслҳои наслхои имруза ва оянда  ҳомили андеша, зебоӣ ва маънавият ҳастанд."

Устоди Маҳмуди Фаршчиён ( 1308 - 1404 ) , устод бебадӣли нигоргарӣ (наққошӣ) ва  минётури эронӣ, аз барҷастатарин ҳунармандони муосир буд, ки бо халқи осоре монанди “Aсри Oшуро” ва “Панҷумин рӯзи офариниш”, ҳунари асили Эрониро бо ирфон , ҳамоса ва навоварӣ даромехт . Ӯ бо сабки хоси худ, марзҳои ҳунари суннатиро густариш доду осораш дар музейҳои муътабари ҷаҳонӣ намоиш дода шудаанд . Фаршчиён на танҳо зинда кунандаи  наққошии эронӣ,, балки аз  мафохири миллӣ ва ҷаҳонии ҳунар маҳсӯб мешавад, ки ҳунараши пайванди амиқ бо фарҳанги исломӣ - эронӣ дорад .