Январ 19, 2017 18:02 Asia/Dushanbe
  • Мусалмон шудани ҷавони ҷопонӣ дар ҳарами мутаҳҳари Имом Ризо

Як ҷавони ҷопонӣ дар ҳарами мутаҳҳари Имом Ризо (а) мусалмон шуд.

Ба гузориши ИРНА, Ниотара Инокочи докторанти забон ва адабиёти форсӣ дар Донишгоҳи Фирдавсии Машҳад аст, ки пас аз қабул намудани Ислом номи худро ба Ризо тағйир дод.

Ин ҷавон тоза мусалмоншуда дар бораи ба дини Ислом гаравадини худ гуфтааст: “Ман дар риштаи таърихи Ҳиндустон таҳсил мекардам ва ин ришта ниёзманди ошноӣ бо забону адабиёт форсӣ буд, аз ин рӯ, ба Эрон омадам ва дар ин ҷо бо дини Ислом ошно шудам”. Ӯ афзуда: “Бисёре аз мутолиоти ман дар мавриди дини Ислом марбут ба даврони таҳсилоти ҳамагонӣ буд, вале чун дар он мавқеъ таъйиди амалӣ барои ин фарҳанг ва динро мушоҳида накарда будам, натавонистам онро ба таври дақиқ дарк кунам, аммо пас аз омадан ба Эрон тавонистам бо пайравони ин дини арзишманд ва маорифи волои он беш аз пеш ошно шавам”.