Тиллои ҷаҳон дар дасти духтари ушуи эронӣ
-
Заҳро Киёнӣ, намояндаи Эрон дар мусобиқоти ушуи қаҳрамонии ҷаҳон
Порс-Тудей. Заҳро Киёнӣ, намояндаи Ҷумҳурии Исломии Эрон бо амалкардии дурахшон, дар мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳон оид ба вушу (ушу) барандаи медали тилло шуд.
Ба гузориши хабаргузории Порс-Тудей, ба нақл аз ИРНА, чаҳорумин рӯз аз 17-умин мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳон оид ба ушу-2025, субҳи рӯзи шанбеи 6 сентябр бо мизбонии Бразилиа, пойтахти Бразилия оғоз шуд. Дар иҷрои гардиши талу дар шакли қиангшу, Заҳро Киёнӣ ба унвони охирин нафар ба майдони талу баромад ва дар поёни ҳунарнамоии худ дар рақобат бо 27 варзишгар дар ҷои аввал қарор ва медали тилло гирифт.
Қаблан Меҳдии Морадӣ дар даври дувуми сабқати гурӯҳии муборизаҳои Санда дар вазни 90 кило бо “Круз Перес”-и Мексика рӯбарӯ шуд ва билофосила аввалин нокаути фаннии рақибро ба даст овард, ки медали зебои тилло ва нахустин медали тиллои корвони ушу Эронро дар мусобиқоти ҷаҳонии Бразилияро бар гардан биёвезад .