Ҷон бохтани беш аз 20 оташнишон дар оташсӯзии “Пласко”-и Теҳрон
Шаҳрдори Теҳрон гуфт, то кунун беш аз 20 нафар аз оташнишононе, ки барои наҷоти мардум ва хомӯш кардани оташ дар маҳалли бурҷи “Пласко” ҳузур ёфта буданд, ҷони худро аз даст додаанд.
Ба гузориши хабаргузории Садо ва Симо, Муҳаммад Қолибоф афзуд, ҳама талоши оташнишонон ба холӣ кардани сохтмон ба харҷ дода шуд ва эҳтимоли ин ки ғайр аз оташнишонон касе зери харобаҳои ин бино монда бошад, хеле кам аст. Шаҳрдори Теҳрон гуфт, ҷудо кардани сохтори филизии ин сохтмони 15-табақа ва ҳамчунин хориҷ кардани онҳое, ки зери ин хароба монданд, кор сахт аст, аммо талошҳо дар ин замина бидуни ҳеҷ вақфае идома хоҳад дошт.
Субҳи имрӯз бурҷи 54-сола ва 15-табақаи “Пласко” дар яке аз хиёбонҳои марказии шаҳри Теҳрон бар асари оташсӯзии густурда фурӯ рехта, теъдоде аз имдодгарону оташнишононе, ки дар ҳоли хомӯш кардани оташ буданд, зери харобаҳои ин сохтмон монданд.