Ҳамкории Эрон ва аъзои БРИКС; роҳбурде барои тақвияти чандҷонибагароӣ
https://parstoday.ir/tg/news/iran-i123392-Ҳамкории_Эрон_ва_аъзои_БРИКС_роҳбурде_барои_тақвияти_чандҷонибагароӣ
Порс Тудей- Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон, дар дидор бо раиси Маҷлиси намояндагони Эфиопия таъкид кард: БРИКС метавонад заминасози ҳамкориҳои одилона ва мутавозин дар сатҳи ҷаҳонӣ бошад.
(last modified 2025-12-14T08:09:05+00:00 )
Декабр 14, 2025 12:36 Asia/Dushanbe
  • Ҳамкории Эрон ва аъзои БРИКС; роҳбурде барои тақвияти чандҷонибагароӣ

Порс Тудей- Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон, дар дидор бо раиси Маҷлиси намояндагони Эфиопия таъкид кард: БРИКС метавонад заминасози ҳамкориҳои одилона ва мутавозин дар сатҳи ҷаҳонӣ бошад.

Масъуд Пизишкиён, раиси ҷумҳури Эрон, рӯзи шанбе (13 декабр) дар дидори Тагессе Чафо, раиси Маҷлиси намояндагони Эфиопия, дар Теҳрон гуфт: БРИКС (BRICS) метавонад улгӯи иртиботи навине барои тақвияти ҳамкориҳои кишварҳои узв ироа диҳад.

Пизишкиён бо ишора ба узвияти муштараки Ҷумҳурии Исломии Эрон ва Эфиопия дар созмони БРИКС, ин чорчӯби чандҷонибаро бистаре арзишманд ва роҳбурдӣ барои густариши таомулот, таъмиқи иртибототи иқтисодӣ ва сиёсӣ ва низ муқобила бо равишҳои якҷонибагароёна дар низоми байналмилал тавсиф кард.

Раиси ҷумҳури Эрон ҳамчунин гуфт: БРИКСметавонад улгӯи иртиботии навине бар пояи эҳтироми мутақобил ба ҳокимияти миллӣ, тамомияти арзӣ, фарҳангҳо ва тамаддунҳои мутанаввеи кишварҳо ироа диҳад ва заминасози ҳамкориҳои одилона ва мутавозин дар сатҳи ҷаҳонӣ бошад.

Гурӯҳи БРИКС, мушаккал аз қудратҳои навзуҳури иқтисодӣ аз ҷумла Бразилия, Русия, Ҳинд, Чин, Африқои Ҷанубӣ ва ҳамчунин Эрон, намоде аз тағйири мувозинати қудрат дар қарни 21 аст. Ҳамкории иқтисодҳои навзуҳур ба коҳиши султаи Амрико ва Ғарб кумак мекунад. Яке аз аҳдофи Брикс эҷоди созукорҳои молии мустақил ва коҳиши вобастагӣ ба доллар аст. Ин амр метавонад низоми молии ҷаҳониро мутавозинтар кунад.

Брикс Бонки тавсиаи навин (NDB) ва тартиботи эҳтиётии захираҳои арзиро эҷод карда, ки нишондиҳандаи азми ҷиддӣ барои ифои нақши муҳимтар дар иқтисоди ҷаҳонӣ аст. Брикс бистаре барои ҳамкориҳои илмӣ, иқтисодӣ ва сиёсӣ миёни кишварҳои мустақил фароҳам карда ва улгӯе мутафовит аз назми мубтанӣ бар султаи ғарбӣ ироа медиҳад.

Ҳамкории аъзои БРИКС аҳамияти роҳбурдӣ дорад, зеро ин иттиҳоди чандҷониба метавонад дар баробари сиёсатҳои якҷонибагароёнаи Амрико ва Ғарб истодагӣ кунад. Барои Ҷумҳурии Исломии Эрон, узвият дар БРИКС фурсатест то сиёсати хориҷии худро бар пояи чандҷонибагароӣ, истиқлол ва муқобила бо таҳримҳо тақвият кунад.

БРИКС бистаре барои эҷоди назме чандқутбӣ ва одилона аст, ки дар он ҳамаи кишварҳо, ба вижа кишварҳои дар ҳоли тавсиа, ҷойгоҳи худро доранд. Яке аз бузургтарин таҳдидҳо барои адолати ҷаҳонӣ, истифодаи абзории қудратҳои ғарбӣ аз таҳримҳо аст. Брикс метавонад бо эҷоди созукорҳои молӣ ва тиҷории мустақил, ин фишорҳоро коҳиш диҳад.

БРИКС бар эҳтиром ба ҳокимияти миллӣ, фарҳангҳо ва тамаддунҳои мутанаввеъ таъкид дорад ва ин амр метавонад улгӯе мутафовит аз назми мубтанӣ бар султаи ғарбӣ ироа диҳад. Эрон низ бо ҳамкории кишварҳои дар ҳоли тавсиа дар БРИКС метавонад нақши фаъолтаре дар шаклдиҳӣ ба назми ҷаҳонии ҷадид ифо кунад.

Сиёсати хориҷии Эрон ҳамвора бар истиқлол ва муқобила бо султагарии қудратҳои бузург таъкид доштааст. Узвият дар БРИКС ин равишро тақвият мекунад ва Эронро дар канори қудратҳои навзуҳур қарор медиҳад. Эрон бо ҳузур дар БРИКС метавонад равобити худро аз вобастагӣ ба Ғарб дур карда ва ба самти ҳамкорӣ бо иқтисодҳои навзуҳур монанди Чин, Русия, Ҳинд ва Бразилия ҳаракат кунад.

Барои Эрон, узвият дарБРИКС на танҳо абзоре барои муқобила бо таҳримҳо ва фишорҳои Амрико аст, балки фурсате барои тақвияти равобити иқтисодӣ ва сиёсӣ бо қудратҳои иқтисодии навзуҳур ва ифои нақши фаъол дар бозофаринии назми ҷаҳонӣ маҳсуб мешавад.

Ҳамкории кишварҳои мустақил дар БРИКС муҷиби тағйири мувозинати қудрати ҷаҳонӣ, тақвияти чандҷонибагароӣ, коҳиши вобастагӣ ба Ғарб ва доллар, ва афзоиши нақши кишварҳои дар ҳоли тавсиа дар тасмимгириҳои байналмилалӣ мешавад. Ин иттиҳод на танҳо бар таҳаввулоти минтақаӣ асаркунанда аст, балки метавонад назми ҷаҳониро ба самти чандқутбӣ шудани суқ диҳад.