Корбарони эронии Х: Барои терроризм, шиъа ва суннӣ фарқе надорад
-
Шаҳид Мансури Лаҷҷаӣ, навҷавони 16 балӯч ва аҳли суннати эронӣ
Порс Тудей - Шаҳодати як навҷавони 16 солаи балӯч ва аҳли суннат дар шаҳри Кирмони Эрон ба дасти авомили террористӣ, мавҷи вокуниши корбарони эронии шабакаи Х-ро ба дунбол дошт.
Дахолати Амрико дар масоили Ғарби Осиё ва бар ҳам задани назми минтақаӣ, аз чанд даҳаи гузашта то кунун мӯҷиби эҷоди ошӯбу ноамнӣ ва шаклгирии гуруҳҳои террористӣ шудааст. Гуруҳҳое, ки ағлаб таслеҳоти ғарбиҳоро дар даст доранд, аз сӯи онҳо таъмини молӣ мешаванду барояшон фарқе намекунад, ки туфангашон чӣ касеро нишона мегирад. Барои террористҳо ва ҳомиёни ғарбиашон, пиру ҷавону зану кӯдак тафовуте надоранд. Низомӣ ва ғайринизомӣ бо ҳар ойине ва ақидае аз нигоҳи терроризм яксон аст. Эрон солҳост, ки барои ҳифзи суботу аминати минтақаӣ мекӯшад ва бар хурӯҷи Амрико ва соири ҳомиёни терроризм аз минтақа таъкид мекунад. Бо ин ҳол, хабари шаҳодати як навҷавони 16 солаи балӯчи эронӣ ба номи Мансури Лаҷҷаӣ, бори дигар таваҷҷуҳҳоро ба ин мавзӯ маътуф кард, то ҳадде ки ҳаштаг # шаҳид_Мансур_Лаҷҷаӣ дар фазои Х форсӣ тренд шуд. Дар ин матлаби Порс Туде нигоҳе ба назароти корбарони эронии шабакаи иҷтимоии Х дар бораи ин мавзӯ андохта шудааст.
Корбаре ба номи «Содиқӣ» бо ишора ба аҳли суннат будани шаҳид Лаҷҷаӣ навишт: Гурӯҳакҳои муздури террористӣ на шиъа мешиносанд, на суннӣ; ҳадафашон фақат нобудии оромишу ваҳдати мардум аст. Охиринаш ҳамин ду рӯз қабл дар Фаҳраҷ, як навҷавони 16 солаи балӯчро шаҳид карданд. Шаҳид шуд, бо орзӯҳое, ки ҳануз фурсати зиндагӣ наёфта буд.
«Духтари инқилоб» дар ҳамин замина гуфт: Навҷавоне 16 сола, балӯч ва аҳли суннат аст, ки қурбонии иқдоми террористӣ шуд. Иддаоҳои гуруҳҳои террористӣ, мабнӣ бар дифо аз аҳли суннат ва қавми балӯч, кизб аст ва куштори шаҳрвандони одӣ - аъам аз аҳли суннату шиъа - назди ин гуруҳҳо тафовуте надорад.
Корбари дигаре ба номи «Балӯч» навишт: Аз он ҷое, ки гурӯҳаки террористӣ медонад, балуч дар канори ақвоми дигар, зери парчами муқаддаси Ҷумҳурии исломӣ ва дӯстдори ватан аст, қалби навҷавонони балӯчро мешикофад. Шаҳид Мансури Лаҷҷаӣ, балуч ва аҳли суннат буд. Дунё фаврӣ ба гӯш бошад ва бидонад.
Дар ҳамин робита «Балӯчи Нур» таъкид кард: Терроризм на шиъа мешиносад, на суннӣ, на балӯч, на Форс. Аммо қурбониаш ҳамеша мардуманд; мисли шаҳид Мансури Лаҷҷаӣ, навҷавоне, ки бегуноҳ аз даст рафт.
Дигар корбари Х ба номи «Сайид Балӯчистон» бо интишори аксе аз шаҳиди Лаҷҷаӣ навишт: Ин навҷавони балӯчи аҳли суннат, бомдоди дирӯз (сешанбе), ҳангоме, ки гурӯҳаки террористӣ ба самти исти бозрасӣ дар Фаҳраҷи устони Кирмон, тирандозӣ мекунад, ба ҳамроҳи се нафар аз персонели хадуми интизомӣ ба шаҳодат расид. Ҳувияти ин навҷавони шаҳид Мансури Лаҷҷаӣ аст, ки дар он лаҳза дар исти бозрасии Фаҳраҷ ҳузур дошт ва ҳаргиз ба хона барнагашт.
«Ялдо Бонӯ» низ дар паёме тасреҳ кард: Куштори шаҳрвандони оддӣ - ҳам аз аҳли суннату шиъа- дар назди ин гуруҳҳо тафовуте надорад.
Корбари дигаре ба номи «Маҳдии Саргазӣ» навишт: Дар саҳмхоҳии гурӯҳакҳои муздур, дирӯз иқтисоди мардуми балуч қурбонӣ мешуд, аммо имрӯз ҷони ҷавонони рашиди Балӯчистон қурбонӣ шуд.