Тиҷорати Эрон ва Чин тайи як моҳ ба 2.54 миллиард доллар расид
Порс Тудей - Тиҷорати Эрону Чин дар обони 1404 бо сабти рақами 2.54 миллиард доллар, шомили 1.03 миллиард доллар содироти ғайринафтии Эрон ва 1.51 миллиард доллар воридот аз Чин будааст.
Ба гузориши Порс Тудей ба нақл аз ИРНА, тозатарин оморҳои мунташир шуда дар бораи тиҷорати Эрону Чин нишон медиҳад, маҷмӯи мубодилоти ғайринафтии ду тараф дар обони 1404 ба ҳудӯди 2 миллиарду 540 миллион доллар расидааст. Аз ин мизон, ҳудӯди як миллиарду 30 миллион доллар ба содироти ғайринафтии Эрон ба Чин ва ҳудӯди як миллиарду 510 миллион доллар ба воридот аз Чин ихтисос дорад. Вазни содироти Эрон дар ин моҳ ҳудӯди 3.95 миллион тон ва воридот аз Чин ҳудӯди 0.46 миллион тон баровард шудааст; мавзӯе, ки баёнгари бартарии қобили таваҷҷуҳи вазни содиротии Эрон дар муқоиса бо воридот аст.
Бар асоси гузориши Созмони тавсеаи тиҷорат, Чин ҳамчунон яке аз муҳимтарин мақосиди содиротӣ ва дар айни ҳол аз аслитарин мабдаҳои воридотии Эрон башумор меравад.
Таркиби содироту воридот дар тиҷорати Эрону Чин
Баррасии ақломи содиротии Эрон ба Чин дар обони 1404 нишон медиҳад, сабади содироти ғайринафтӣ ҳамчунон муттакӣ бар маҳсӯлоти поя ва нима хом аст. Метанол, анвоъи полиетилин ва дигар маҳсӯлоти петрошимӣ, дар канори консонтраҳои маъданӣ ва маҳсӯлоти фулизӣ, аз ҷумла санги оҳан, бештарин саҳмро дар тиҷорати Эрону Чин ба худ ихтисос додаанд. Ин таркиб баёнгари тадовуми тақозои саноеъи Чин барои маводи аввалия ва ниҳодаҳои тавлидӣ аз Эрон аст.
Дар муқобил, сохтори воридоти Эрон аз Чин умдатани шомили колоҳои воситаӣ, маводи аввалияи санъатӣ, мошинолот ва қатаъоти мавриди ниёзи бахши тавлид будааст. Панелҳои офтобӣ, қатаъоти мунфасилаи худрав (CKD), қатаъоти мадорҳои муҷтамаъ (IC), таҷҳизоти электронӣ ва мошинолоти санъатӣ дар садри ақломи воридотӣ қарор доранд. Ин таркиб нишон медиҳад, бахши муҳимме аз тиҷорати Эрону Чин дар ростои таъмини ниёзҳои тавлидӣ ва тавсеаи зарфиятҳои санъатии Эрон анҷом мешавад.