Ироқчӣ: Неруҳои мусаллаҳи Эрон мутаҷовизинро гирифтор карданд/ Амрико масъули комили хунрезиҳост
-
Сайид Аббоси Ироқчӣ, вазири умури хориҷаи Эрон
“Порс-Тудей”. Вазири умури хориҷаи Эрон изҳор дошт: Онҳо натавонистанд пеши роҳи шиллики мушакҳои мо ба Исроил ва соири мақосидро бигиранд. Мо муваффақ шудем ва онҳо натавонистанд моро мутаваққиф кунанд, ин пирӯзии мост.
Ба гузориши “Порс-Тудей”, Сайид Аббоси Ироқчӣ, вазири умури хориҷаи Эрон шомгоҳи панҷшанбе дар мусоҳиба бо шабакаи Эн Би Си Нюз, бо ишора ба таҷовузи низомии Иёлоти Муттаҳида ва режими саҳюнистӣ ба Эрон гуфт: Амрико масъули комили хунрезиҳост. Неруҳои мусаллаҳи қудратманди Эрон, ки муддатҳост барои ин ҷанг омода шудаанд, нишон хоҳанд дод, ки ҳар касе бихоҳад ин ҷангро идома диҳад, худро дар ботлоқ гирифтор кардааст.
Вай афзуд: Пас аз шаш рӯз аз ҷанг мушаххас аст, ки Амрико натавониста ба ҳадафи аслии худ, яъне пирӯзии сареъ ва комил даст ёбад. Онҳо талош мекунанд ҳамлаи худро тавҷеҳ кунанд, аммо ҳеҷ далеле муассир набуда ва акнун аз тарҳи Б сухан мегӯянд, ки эҳтимолан шикасти бузургтаре хоҳад буд. Ҳадафи онҳо тағйири ҳукумат ва пирӯзии сареъ буд, аммо шикаст хӯрдаанд.
Ироқчӣ дар идома гуфт, бале, мо ҳадаф қарор гирифтаем, аммо тавонистаем бисёре аз аҳдоф дар Исроилу пойгоҳҳои амрикоиро ҳадаф қарор диҳем. Мушакҳои мо ҳамчунон фаъолу дақиқ амал мекунанд. Бинобарин онҳо натавонистанд монеи шиллики мушакҳои мо ба Исроилу соири мақосид шаванд. Ин пирӯзии мост ва тавонистем муқовимат кунем.
Вай изофа кард, дар ҷанг ҳеҷ барандае вуҷуд надорад. Аммо пирӯзии мо муқовимат дар баробари аҳдофи ғайриқонунии душман аст. Тавонистаем дар баробари қудратмандтарин артиши ҷаҳону артиши Исроил муқовимат кунем.