Ироқчӣ: Неруҳои мусаллаҳи Эрон нав шуруъ ба муҷозоти режими саҳюнистӣ карданд
https://parstoday.ir/tg/news/iran-i124380-Ироқчӣ_Неруҳои_мусаллаҳи_Эрон_нав_шуруъ_ба_муҷозоти_режими_саҳюнистӣ_карданд
Порс Тудей- вазири умури хориҷаи Эрон гуфт, ки неруҳои мусаллаҳи қудратманди Эрон нав шуруъ ба муҷозоти режими суҳаюнистӣ карданд.
(last modified 2026-03-11T08:19:47+00:00 )
Март 11, 2026 13:15 Asia/Dushanbe
  • Сайид Абоси Ироқчӣ вазири умури хориҷаи Эрон
    Сайид Абоси Ироқчӣ вазири умури хориҷаи Эрон

Порс Тудей- вазири умури хориҷаи Эрон гуфт, ки неруҳои мусаллаҳи қудратманди Эрон нав шуруъ ба муҷозоти режими суҳаюнистӣ карданд.

Ба гузориши Порс Тудей, Сайид Абоси Ироқчӣ вазири умури хориҷаи Эрон дар шабакаи иҷтимоъӣ "X" навишт: Натаняҳу намехоҳад шумо бубинед ки неруҳои мусаллаҳи қудратманди Ҷумуҳрии Исломии Эрон чигуна дар ҳоли муҷозоти режими терористии саҳюнистӣ ба хотири таҷовузаш ҳастанд.

Вай афзуд: Ин чизе аст, ки неруҳои мо дар майдон гузориш медиҳанд: Вайронии густардае, ки мушакҳои мо ба ҷо гузоштанд, раҳбарони ҳаросон ва музтариб ва сомонаҳои падофанди ҳавоӣ, ки дучори ихтилол шуданд.

Вазири хориҷаи Эрон пеш аз ин низ дар шабакаи "X" навишта буд: Ин иддаое, ки Эрон қасд дошт ба Амрико ё неруҳои амрикоӣ ҳамла кунад чи ба сурати пешгирона ва чи ба унвони иқдоми пешдастона як дуруғи маҳз ва ошкор аст.

Вай афзуд: Танҳо ҳадаф аз ин дуруғ тавҷеҳи амалиёти иштибоҳи бузург аст моҷароӣ хатарноке, ки тавассути Исроил тароҳи шуд ва ҳазинаи он тавассути мардуми оди Амрико пардохта мешавад.