Сухангуи қароргоҳи Хотам: Ҳамалоти Эрон то ба зонударовардани душман идома дорад
https://parstoday.ir/tg/news/iran-i124588-Сухангуи_қароргоҳи_Хотам_Ҳамалоти_Эрон_то_ба_зонударовардани_душман_идома_дорад
Порс Тудей- сухангуи қароргоҳи марказии Хотамуланбиё(с) таъкид кард: Ҳуҷуми муқтадиронаи неруҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Исломии Эрон то ба зонударовардани душмани амрикоӣ саҳюнистӣ идома хоҳад дошт.
(last modified 2026-03-31T07:39:23+00:00 )
Март 31, 2026 12:22 Asia/Dushanbe
  • Сарҳанги дувуми посдор Иброими Зулфиқори сухангуи марказии Хотамуланбиё(с)
    Сарҳанги дувуми посдор Иброими Зулфиқори сухангуи марказии Хотамуланбиё(с)

Порс Тудей- сухангуи қароргоҳи марказии Хотамуланбиё(с) таъкид кард: Ҳуҷуми муқтадиронаи неруҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Исломии Эрон то ба зонударовардани душмани амрикоӣ саҳюнистӣ идома хоҳад дошт.

Ба гузориши Порс Тудей, сарҳанги дувуми посдор Иброими Зулфиқори сухангуи марказии Хотамуланбиё(с) гуфт: Дар идомаи амалиётҳои мувафақи неруҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Исломии Эрон зидди душманони амрикоӣ саҳюнистӣ идома хоҳад дошт.

Вай афзуд: Маркази кантрол ва фармондеҳи, ошёнаҳои паҳподи ва анборҳои лаҷестикӣ, путибонӣ, таслиҳотӣ ва марокизи махфигоҳи низомиёни террорист ба вижа халабонони амрикоӣ ва саҳюнистӣ дар манотиқи мухталиф аз ҷумла 5 пойгоҳи амрикоӣ дар минтақа ва марокизи низомӣ дар ҷануб, марказ ва шимоли сарзаминҳои ишғолии Фаластин, шомили Ҳайфо, Кирётшимуна, Тел-Авив, Баър Ал-Сабаъ, Димуно, Ҷуфир ва Викторё бо мушакҳои болостики сухти ҷомид ва моеъи Имод, Қиём ва Хурамшаҳр ва паҳподҳои инҳидомии нуқтазан мавриди ҳадафи муассир қарор гирифтанд.