Артиши Эрон аз вуруди новшиканҳои душман ба Тангаи Ҳурмуз ҷилавгирӣ кард
-
Артиши Ҷумҳурии Исломии Эрон
Порс Тудей — Артиши Ҷумҳурии Исломии Эрон эълом кард аз вуруди новшиканҳои душман ба Тангаи Ҳурмуз ҷилавгирӣ кардааст.
Ба гузориши Порс Тудей, равобити умумии Артиши Ҷумҳурии Исломии Эрон дар як хабари фаврӣ эълом кард, ки Нерӯи дарёӣ ба новшиканҳои душмани амрикоӣ-саҳюнистӣ, ихтори қотеъ ва сареъ додааст.
Ин ихтор боис шуд, ки новшиканҳои душман ба маҳдудаи Тангаи Ҳурмуз вуруд накунанд.
Артиш гуфтааст, ки ахбори такмилиро дар ин бора эълом хоҳад кард.
Амир дарёдор Шаҳром Иронӣ, фармондеҳи Нерӯи дарёии Артиши Эрон ба тозагӣ гуфта буд, ки нерӯҳои мусаллаҳи Эрон Тангаи Ҳурмузро аз «Дарёи Араб» бастаанд.
Амир дарёдор Шаҳром Иронӣ ҳушдор дод, ки «агар душманон ҷилавтар биёянд, сареъ иқдоми амалиётӣ мекунем».