Никзод: Амрико дар боз кардани Тангаи Ҳурмуз шикаст хӯрд
-
Алӣ Никзод, ноибраиси Маҷлиси шӯрои исломии Эрон
Порс Тудей — Ноибраиси Маҷлиси шӯрои исломии Эрон бо ишора ба нокомии Амрико дар бозгушоии Тангаи Ҳурмуз ва хунсосозии нақшаи таҷзияи Эрон, таъкид кард: «Ҷанги мо бо истикбор то пирӯзии ниҳоӣ идома дорад».
Ба гузориши Порс Тудей, Алӣ Никзод, ноибраиси Маҷлиси шӯрои исломии Эрон гуфт: «Трампи малъун эълом кард Тангаи Ҳурмузро боз мекунам, аммо ҳеҷ вақт натавонист ва наметавонад. Рӯзона 100 то 140 киштии нафткаш аз Тангаи Ҳурмуз убур мекунад ва солона 6 то 7 миллиард бушка нафт аз ин оброҳи роҳбурдӣ мунтақил мешавад. Шаст дарсади захираҳои нафти ҷаҳон дар Венесуэла, Арабистон ва Эрон аст».
Вай таъкид кард: «Амрико фикр кард бо гирифтани Венесуэла ва фишор бар Арабистон, метавонад Эронро ҳам бибалъад ва 60 дарсади нафти ҷаҳонро дар ихтиёр гирад. Аммо нафти Эрон дар ихтиёри онҳо қарор нахоҳад гирифт».
Никзод афзуд: «Бомби атоми Эрон, худи Тангаи Ҳурмуз аст. Раҳбари муаззами инқилоб фармуданд: Халиҷи Форс мутааллиқ ба мост ва Амрико ҷое дар он ҷо надорад ва Халиҷи Форс ба ҳолати қабл аз ҷанг бознахоҳад гашт».