Рӯйкарди муовинати бурунмарзӣ дар ҷанги ахир чӣ буд?
-
Аҳмад Наврӯзӣ, муовини бурунмарзии Садо ва Симои Ҷумҳурии Исломии Эрон
Порс Тудей — Муовини бурунмарзии Садо ва Симои Ҷумҳурии Исломии Эрон ба иқдомоти ин муовинат дар ҷанги таҳмилии ахир бо меҳвари «ривояти аввал» ва ҳамчунин баҳрагирӣ аз ҳуши маснӯӣ ишора кард.
Ба гузориши Порс Тудей, Аҳмад Наврӯзӣ, муовини бурунмарзии Садо ва Симои Ҷумҳурии Исломии Эрон дар бораи ҷанги ахир ва ин ки ин муовинат дар тӯли ҷанг чӣ қадар саъй кард мухотаби ҷаҳониро бо иттифоқоти кишвар ва ривоятҳои дасти аввал ошно кунад, дар мусоҳиба бо хабаргузории «Меҳр» гуфт: «Дар ҷанги таҳмилии ахир ва бо таваҷҷуҳ ба иттифоқоте, ки рух дод, хабар дар авлавият қарор дошт. Муовинати бурунмарзӣ ҳампои соири бахшҳои Созмони Садо ва Симо талош кард нахустин хабарҳоро дар чорчӯби ривояти аввал ва хатти хабарие, ки кишвар ва созмон дар бораи он тасмимгирӣ карданд, бозтоб диҳад. Ба назари ман, маҷмӯи амалкарди хубе дар ин замина дошт».
Таваҷҷуҳи мухотаби англисизабон, арабзабон ва испаниёӣ ба ривояти дасти аввал
Вай дар посух ба ин ки ин ривоятҳо дар миёни кадом забонҳо бештар мавриди таваҷҷуҳ қарор гирифт, тавзеҳ дод: «Табиатан ҳар ҷо ки ҷомеаи мухотаби он забон густурдатар бошад, мизони мухотаб низ бештар хоҳад буд. Бар ҳамин асос, забони англисӣ бештарин мухотабро дошт ва пас аз он забонҳои арабӣ ва испаниёӣ қарор мегиранд ва бо ин авлавият метавон забонро дастабандӣ кард».
Иқбол ба видеоҳои ҳуши маснӯӣ
Наврӯзӣ бо ишора ба баҳрагирӣ аз ҳуши маснӯӣ дар ривоятҳои хабарӣ ва таҳлилӣ илова кард: «Дар ҳавзаи фароварии хабар, таҳлил ва истифода аз фанновариҳои рӯз, бавижа ҳуши маснӯӣ, дар ин давра шоҳиди истифодаи матлубе дар фазои куллии расонаи Эрон будем. Ҳуши маснӯӣ ба унвони мукаммали хабар, бавижа дар бахши таҳлил, ба шакли густурда ва мутанаввеъ дар расонаҳои муовинати бурунмарзӣ мавриди истифода қарор гирифт. Бархе аз видеоҳои тавлидшуда низ бозтоби густурдае доштанд».
Вай дар поён бо ишора ба ин ки даъват аз расонаҳои байналмилалӣ мутаваққиф нашудааст, баён кард: «То кунун 2 тури расонаӣ баргузор шуда ва бархе аз асҳоби расонаи ғайриэронӣ, ки алоқаманд буданд дар ин айём вориди Эрон шаванд, ба кишвар омаданд. Ба назарам ин иқдом низ ба унвони як ривояти мукаммал, муассир ва қобили таваҷҷуҳ буд».