Январ 25, 2017 12:42 Asia/Dushanbe

Дар идомаи бардоштани вайронаҳои муҷтамаи Пласко дар Теҳрон, оташнишонон Қуръонеро пайдо карданд, ки дар миёни шӯълаҳои оташ солим мондааст.

Ин Қуръон дар ҳоле солим аз зери анбӯҳи вайронаҳои ин бурҷи тиҷории фурӯрехта солим пайдо шуд, ки бо гузашти ҳудуди як ҳафта аз ҳодисаи оташсӯзӣ дар бурҷи Пласко дар Теҳрон, ҳанӯз шӯълаҳои оташ аз зери оворҳои он забона мекашад.

Оташе, ки ҳарорати ғайри қобили таҳаммули он бисёре аз оҳанҳои ин бурҷи қадимиро комилан гудохта ва об кардааст.

Рӯзи аввали ҳодиса, ҳарорат дар зери овор 600 дараҷа тахмин зада шуд ва рӯзи гузашта гармои он ба 480 дараҷа расид.

 

Барчасп