Филми эронии «Фурӯшанда» номзади ҷоизаи Оскар шуд
https://parstoday.ir/tg/news/iran-i12497
Филми синамоии эронии «Фурӯшанда» ба коргардонии Асғари Фарҳодӣ дар феҳристи панҷ филми бахши хориҷии ҳаштодунӯҳумин давраи ҷоизаи Оскар қарор гирифт.
(last modified 2025-01-16T07:54:01+00:00 )
Январ 25, 2017 13:49 Asia/Dushanbe
  • Филми эронии «Фурӯшанда» номзади ҷоизаи Оскар шуд

Филми синамоии эронии «Фурӯшанда» ба коргардонии Асғари Фарҳодӣ дар феҳристи панҷ филми бахши хориҷии ҳаштодунӯҳумин давраи ҷоизаи Оскар қарор гирифт.

Филми синамоии «Фурӯшанда» дар ин бахш бояд барои дарёфти ҷоизаи Оскар бо филмҳои мунтахабе аз Дания, Шветсия, Австралия ва Олмон рақобат кунад.

Филми синамоии «Фурӯшанда», ки тобистони гузашта дар синамоҳои Эрон намош дода шуд, мазмуни иҷтимоӣ дорад.

Ҳамчунин ин асари синамоӣ соли 2016 бо ҳузур дар шастунӯҳумин давраи ҷашнвораи Кани Фаронса, ҷоизаи беҳтарин бозигар барои Шаҳоби Ҳусайнӣ ва беҳтарин филмнома барои Асғари Фарҳодиро ба армуғон овард.

Филми «Фурӯшанда» то кунун ҷоизаҳои зиёди синамоӣ аз ҷумла аз ҷашнвораи филми Чикагои Амрико, ҷоизаи беҳтарин филм аз ҷашнвораи Мюнхени Олмон, ҷоизаи беҳтарин филм аз диди мардум дар ҷашнвораи Амстердами Нидерланд ва ба тозагӣ ҷоизаи Анҷумани миллии нақди филми Амрикоро дарёфт кардааст.

Асғари Фарҳодӣ дар соли 2012 ва дар ҳаштоду чаҳорумин давраи Оскар барои филми синмоии «Ҷудоии Нодир аз Симин» нахустин бор дар таърихи синамои Эрон муваффақ ба касби ҷоизаи Оскар шуд.