Ироқчӣ: Масъулияти бозгушоии Тангаи Ҳурмуз танҳо бар уҳдаи Ҷумҳурии Исломии Эрон аст
-
Нишасти муштараки вазирони хориҷаи Эрон ва Ироқ
Порс Тудей — Вазири умури хориҷаи Эрон гуфт: «Бар асоси ёддошти тафоҳум, Тангаи Ҳурмуз таҳти мудирияте, ки Эрон иттихоз хоҳад кард, зарфи 30 рӯз ва баъд аз рафъи мавонеъ тавассути Ҷумҳурии Исломии Эрон ба зарфияти қабл аз ҷанги худ бармегардад».
Ба гузориши Порс Тудей ба нақл аз ИРНО, Аббос Ироқчӣ, вазири хориҷаи Эрон рӯзи якшанбе дар нишасти хабарии муштарак бо Фуод Ҳусайн, ҳамтои ироқии худ дар Бағдод гуфт: «Давлати Ироқ мавозеи равшан ва масъулонае дар маҳкумияти ин таҷовуз ва ҳимоят аз мардуми Эрон, ба унвони қурбониёни ин иқдом, иттихоз кард. Ҳамчунин мардуми Ироқ бо ибрози ҳамбастагӣ ва ҳимоятҳои густурдаи худ, мояи дилгармии миллати Эрон шуданд».
Вазири хориҷаи Эрон гуфт: «Яке аз аҳдофи сафари ман ҳамоҳангиҳои лозим барои ташииъи пайкари мутаҳҳари Раҳбари шаҳиди Эрон дар шаҳрҳои Бағдод, Козимайн, Карбало ва Наҷаф аст. Миллионҳо ироқӣ барои ширкат дар ин ташииъ эъломи омодагӣ ва дархост карда буданд ва ниҳоятан бо тадбир ва ҳамкории бисёр шоистаи давлати Ироқ, муқаррар шуд, ки ташииъи пайкари мутаҳҳар дар шаҳрҳои Ироқ, бавижа дар атаботи муқаддаса баргузор шавад».
Ироқчӣ гуфт: «Бар асоси ёддошти тафоҳуми Эрон ва Амрико, Тангаи Ҳурмуз таҳти мудирияте, ки Эрон иттихоз хоҳад кард, зарфи 30 рӯз ва баъд аз рафъи мавонеъ тавассути Ҷумҳурии Исломии Эрон ба зарфияти қабл аз ҷанги худ бармегардад. Ин тартибот дар ҳоли иттихоз ва иҷрост ва масъулияти он бо Ҷумҳурии Исломии Эрон аст ва ҳеҷ ниҳод ё кишвари дигаре бар асоси ёддошти тафоҳум дар ин хусус масъулияте надорад». Вай афзуд: «Ҳар гуна дихолат дар ин амр ва ҳар гуна талош барои иттихози тартиботи ҷадид ё ҷудогона нисбат ба он чӣ ки тавассути Ҷумҳурии Исломӣ дар ҷараён аст; танҳо мунҷар ба печидатар шудани авзоъ ва таъхир дар бозгушоии Тангаи Ҳурмуз хоҳад шуд ва зариби танишро боло хоҳад бурд».
Ироқчӣ идома дод: «Бар асоси банди яки ёддошти тафоҳум ҷанг дар ҳамаи ҷабҳаҳо аз ҷумла дар Лубнон бояд хотима пайдо кунад ва мо мутаассиф ҳастем, ки режими саҳюнистӣ ба ҳамлаҳои худ ҳамчунон идома дода ва медиҳад. Ин масъулияти давлати Амрикост, ки бино ба тааҳҳуде, ки дар ёддошти тафоҳум аз тарафи худ ва режими саҳюнистӣ қабул карда, бояд ҳамлаҳои ин режимро мутаваққиф карда ва иҷоза диҳад хотимаи ҷанг дар он ҷо ҳам мустақар шавад ва аз манотиқи ишғолӣ ақибнишинӣ сурат гирад, ки ин ҳам яке аз моддаҳои банди яки ёддошти тафоҳум аст».
Вазири хориҷаи Ироқ: Бағдод равобити бисёр олӣ бо Теҳрон дорад
Фуод Ҳусайн, вазири хориҷаи Ироқ низ дар ин конфронси матбуотӣ гуфт: «Эрон кишвари ҳамсояи муҳимме барои Ироқ аст ва равобити ду кишвар, таърихӣ, ҷуғрофиёӣ, фарҳангӣ, динӣ, иқтисодӣ ва стратегӣ аст».
Вазири хориҷаи Ироқ бо баёни ин ки дидори Ироқчӣ аз Ироқ пас аз ташкили давлати ҷадиди Ироқ ва ҳамчунин имзои ёддошти тафоҳум миёни Эрон ва Амрико дар Швейтсария, аҳамияти бисёр зиёде дорад, гуфт, бо вуҷуди имзои ёддошти тафоҳум ҳамчунон даргириҳое дар атрофи Тангаи Ҳурмуз рӯй медиҳад.
Вай зимни ибрози таассуф аз мавриди ҳамла қарор гирифтани Эрон гуфт, мавзеи усулӣ ва собити Ироқ мухолифат бо ҷанг ва таҷовуз ба ҳар кишваре аст.
Ин мақоми ироқӣ дар идома таъкид кард, ки идомаи ҷанг боиси вайронии минтақа мешавад, минтақа бояд аз худ муҳофизат кунад ва Бағдод барои мизбонӣ аз намояндагони кишварҳои минтақа ҷиҳати гуфтугӯ дар хусуси амният ва субот дар минтақа омодагӣ дорад.