Бақоӣ: Амрико аз тариқи ҷиноятҳои ҷангӣ ва куштори бегуноҳон қудратнамоӣ мекунад
-
Исмоил Бақоӣ, сухангӯи Вазорати умури хориҷаи Эрон
Порс Тудей- Сухангӯи Вазорати умури хориҷаи Эрон гуфт: Амрико аз тариқи иртикоби ҷиноятҳои ҷангӣ ва куштори бегуноҳон қудратнамоӣ мекунад.
Ба гузориши Порс Тудей ба нақл аз хабаргузории Меҳр, Исмоил Бақоӣ, сухангӯи Вазорати умури хориҷаи Эрон бо интишори тасвирҳои 8 шаҳиди ҳамлаҳои ҷинояткоронаи 17-уми июли Амрико ба устони Ҳурмузгон (ҷануби Эрон), дар саҳифаи шахсии худ навишт: «Амрико мехоҳад бо ҳамла ба зерсохтҳои ғайринизомӣ ва куштори бегуноҳон, ба истилоҳ «қудрат»-и худро ба рух бикашад; шомгоҳи ҷумъа, артиши террористии Амрико боз ҳам муртакиби ҷиноятҳои ҷангӣ шуд ва бо ҳамла ба чанд пул ва маҳаллаи маскунӣ дар устони Ҳурмузгон, 8 ҳамватан шомили 4 бону ва 4 мард, аз ҷумла ду бародари маълулро ба шаҳодат расонд».
Вай таъкид кард: «Миллати Эрон имрӯз беш аз ҳар замоне муттаҳид ва мусаммам аст, ки қотеъона душманони ваҳширо аз таҷовузи низомии ҷинояткорона алайҳи меҳани азизамон, пушаймон кунад».
Дар ҳамин ҳол, Фотима Муҳоҷиронӣ, сухангӯи давлати Эрон ҷумъашаб дар оғози вуруд ба Хӯзистон (ҷануби Эрон) дар ҷамъи хабарнигорон баён кард: Мардуми ҷануби Эрон бидонанд, ки ҷони Эрон ҳастанд ва мардуми Эрон низ қадрдони ҳамаи хуни дилҳое, ки ҷанубиҳо дар тӯли солҳо хӯрдаанд, ҳастанд.