Ҳушдори сарлашкар Абдуллоҳӣ ба кишварҳои ҳошияи халиҷи Форс : ба Амрико кумак накунед
https://parstoday.ir/tg/news/iran-i125442-Ҳушдори_сарлашкар_Абдуллоҳӣ_ба_кишварҳои_ҳошияи_халиҷи_Форс_ба_Амрико_кумак_накунед
Порс тудей - Раиси ситоди кулли неруҳои мусаллаҳи Эрон ҳушдор дод : Ҳар гуна кумаку ҳамкорӣ ба артиши мутаҷовизи Амрико ба манзалаи мушорикат бо неруҳои низомии Амрикост.
(last modified 2026-08-19T09:47:30+00:00 )
Август 19, 2026 14:41 Asia/Dushanbe
  • Сарлашкар Алии Абдуллоҳӣ- раиси Ситоди кулли неруҳои мусаллаҳи Эрон
    Сарлашкар Алии Абдуллоҳӣ- раиси Ситоди кулли неруҳои мусаллаҳи Эрон

Порс тудей - Раиси ситоди кулли неруҳои мусаллаҳи Эрон ҳушдор дод : Ҳар гуна кумаку ҳамкорӣ ба артиши мутаҷовизи Амрико ба манзалаи мушорикат бо неруҳои низомии Амрикост.

Ба гузориши Порс тудей ба нақл аз хабаргузории Садо ва Симо , сарлашкар Алии Абдуллоҳӣ, раиси Ситоди кулли неруҳои мусаллаҳи Эрон
дар сафҳаи маҷозияш навишт : Кишварҳои ҳошияи ҷанӯбии халиҷи Форс, ки бо судӯри баёнияҳои мухталиф эълом мекунанд иҷозаи истифодаи Амрико аз сарзаминҳояшон алайҳи Эронро намедиҳанд , бояд бидонанд ки чизе аз чашми мо пинҳон намемонад.
Вай афзуд : Ин мизон ҳавопаймои низомӣ , ба вижаи ҳавопаймои сӯхтрасон дар пойгоҳҳои минтақа бидӯни иттилоъи кишварҳои мизбон аз эҳтимол дур ба назар мерасад.
 Сарлашкар Абдуллоҳӣ гуфт  :

Ҳушдор медиҳем, ҳар гуна кумаку тасҳилгарӣ ба артиши мутаҷовизи Амрико ба манзалаи мушорикат бо неруҳои низомии Амрикост.