Январ 26, 2017 19:40 Asia/Dushanbe

Устондори Хуросони Разавии Эрон аз баргузории маросими додани Ҷоизаи адабии Фирдавсӣ бо ҳузури кишварҳои ҳамсоя ва порсизабон хабар дод.

Алирзо Рашидиён рӯзи панҷшанбе бо ҳузур дар Радиои дарии Эрон дар бораи нақш ва ҷойгоҳи Афғонистон дар рӯйдоди "Машҳад-2017" ва интихоби Машҳад ба унвони пойтахти фарҳангии ҷаҳони Ислом гуфт, дар маросими ифтитоҳи ин рӯйдод, ки бархе фарҳехтагони фарҳангию адабии Афғонистон, аз ҷумла раиси Донишгоҳи Кобул низ дар он ҳузур доштанд, ба зарурати тақвияти Ҷоизаи адабии забони порсӣ таъкид шуд. Устондори Хуросони Разавӣ афзуд, “талош дорем, дар соле, ки Машҳади муқаддас пойтахти фарҳангии ҷаҳони Ислом аст, битавонем ин ҷоизаи адабиро дар зодрӯзи Ҳаким Абулқосим Фирдавсӣ, шоир ва ҳамосасарои баландовозаи порсигӯ бошукӯҳтар ва ба сурати байналмилалӣ, бо ҳузури кишварҳои ҳамсояи порсизабон баргузор кунем”. Рашидиён гуфт: “Имрӯз ҷомеаи мо ниёзманди шоироне аст, ки рӯҳияи ҳамоса ва худбовариро дар ҷомеа ривоҷ дода, мактаби гуфтугӯ ва меҳрубониро, ки мактаби асосии Исломи воқеӣ аст, густариш диҳанд.

Рӯзи сешанбе дар маросими вежае шаҳри Машҳад ба унвони яке аз се пойтахти фарҳангии ҷаҳони Ислом дар соли 2017 муаррифӣ шуд.