Рӯнамоӣ аз се дастоварди фазоии Эрон
(last modified Wed, 01 Feb 2017 08:04:46 GMT )
Феврал 01, 2017 13:04 Asia/Dushanbe
  • Рӯнамоӣ аз се дастоварди фазоии Эрон

Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон имрӯз аз ду моҳвораи нави эронӣ ва як дастгоҳи интиқоли моҳвора дар Теҳрон рӯнамоӣ кард.

Ба гузориши пойгоҳи хабарии бурунмарзии Садо ва симои Эрон, моҳвораи "Ноҳиди як", "Паёми Амиркабир" ва сомонаи интиқоли мадори "Сомони як" имрӯз бо ҳузури раиси ҷумҳурии Эрон ба баҳрабардорӣ расид.

Моҳвораи "Ноҳиди як" аввалин моҳвораи мухобиротии Эрон аст, ки дар пажӯҳишгоҳи фазоии Эрон тарроҳӣ ва сохта шудааст.

Моҳвораи "Паёми Амиркабир" ҳам, ки дар Донишгоҳи Амиркабири Теҳрон тарроҳӣ ва сохта шудааст, дорои тавони тасвирбардорӣ бо диққати болотар аз 40 метр ва захира ва ирсоли паёмҳои корбарон ва санҷиши партавафшониҳои фазоӣ аст.

Сомонаи интиқоли мадории "Сомони як" низ, ки дар Пажӯҳишгоҳи фазоии Эрон тарроҳӣ ва сохта шудааст, барои интиқоли моҳвораҳо аз мадорҳои поёнии замин ба мадорҳои болотар мавриди истифода қарор мегирад.

Ҳасани Руҳонӣ - раиси ҷумҳурии Эрон рӯзи чаҳоршанбе дар нӯҳумин солрӯзи миллии фановарии фазоӣ ҳамчунин аз намоишгоҳи дастовардҳои пажӯҳишгоҳи фазоии Эрон боздид кард.

Якуми феврал баробар бо 14 баҳман дар тақвими Ҷумҳурии Исломии Эрон рӯзи миллии фанноварии фазоӣ номгузорӣ шудааст ва ҳар сол бо баргузории маросиме, дастовардҳои муҳими Эрон дар арсаи улуми фазоӣ рӯнамоӣ ва арза мешавад.

Рӯзи миллии фановарии фазоӣ, солгарди партоби муваффақиятомези моҳвораи “Умед” дар соли 2008 аст, ки сабаб шуд Эрон дар ҷамъи кишварҳои дорои тавоноии партоби моҳвора қарор гирад.