Феврал 01, 2017 14:06 Asia/Dushanbe

Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ ба муносибати даҳаи мубораки Фаҷр, бо ҳузур дар ҳарами мутаҳҳари Имом Хумайнӣ (раҳ) ва гулзори шаҳидони Биҳишти Заҳрои Теҳрон, ёди бунёнгузори кабири Ҷумҳурии Исломии Эрон ва шаҳидони гаронқадрро гиромӣ доштанд.

Ба гузориши хабаргузории Садо ва симои Эрон, Ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ ҳамчунин бар мазори оятуллоҳ Ҳошимии Рафсанҷонӣ раиси фақиди Маҷмаи ташхиси маслиҳати низом ҳузур ёфтанд ва бо қироати Қуръон, ғуфрону раҳмат ва афви илоҳиро барои он марҳум хостор шуданд.

Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ сипас бо ҳузур дар марқади шаҳидони инқилоби исломӣ ва дифои муқаддас ва оташнишонони муъмин ва қаҳрамон, ки ба тозагӣ дар ҳодисаи сӯхтори Плоску дар Теҳрон дар роҳи хидмат шаҳид шуданд, ёд ва хотираи ҳама ин фидокорони боихлосро гиромӣ доштанд ва улувви дарҷоти ононро аз даргоҳи Худованд дархост карданд.

 

Барчасп