Феврал 10, 2017 16:16 Asia/Dushanbe
  • Рӯҳонӣ: Ҷавоби миллати Эрон ба таҳдидҳо қотеъ хоҳад буд

Ҳасани Рӯҳонӣ, раиси Ҷумҳурии исломии Эрон гуфт, мардуми Эрон ҳаргиз аз масири ҳимоят аз инқилоби исломӣ, таҳаққуқи ормонҳои Имом Хумайнӣ (раҳ) ва Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ хориҷ нахоҳанд шуд.

Ба гузориши пойгоҳи хабарии бурунмарзии Садо ва Симо, раиси Ҷумҳурии исломии Эрон рӯзи ҷумъа дар маросими роҳпаймоии рӯзи 22-и баҳман дар майдони Озодии Теҳрон, бо баёни ин ки ҷавоби миллати Эрон ба таҳдидот қотеъ хоҳад буд, афзуд: “Касоне ки давлату нерӯҳои мусаллаҳи Эронро таҳдид мекунанд, огоҳ бошанд, ки мардуми Эрон бо муқовимат, қудрат, ҳушёрӣ ва мантиқ дар муҳимтарин имтиҳоноти торих, худро нишон додаанд”.

Рӯҳонӣ гуфт, инқилоби исломӣ нуқтаи қобили таваҷҷуҳ ва муҳими торихи Эрон аст, ки кишварро аз вобастагӣ ба бегонагон ва Амрико озод карду сарнавишти мардумро дар ихтиёри худашон қарор дод.

Рӯҳонӣ тавзеҳ дод, инқилоби исломӣ аввалин инқилоб дар ҷаҳон аст, ки мардумаш пас аз вуқӯи он дар камтар аз ду моҳ ба пойи сандуқҳои раъй рафтанду ба низоми мавриди назарашон раъй доданд.

Раиси ҷумҳурии Эрон таъкид кард, тозакороне ки қудратро дар бархе кишварҳои минтақаву Амрико дар даст гирифтаанд, бояд бидонанд, ки дар баробари миллати Эрон бояд фақат бо эҳтирому такрим ҳарф бизананд.

Рӯҳонӣ бо таъкид бар ин ки ҷумҳурии исломӣ ҳаргиз ба дунболи таниш набудаасту нест, таъкид кард: “Бадхоҳон аз ҳар гуна чашмдошту таҷовуз ба Эрони исломӣ барҳазар бошанд, зеро Эрон қудратманд асту касе наметавонад чашми баде ба он дошта бошад”.

Рӯҳонӣ гуфт, миллати Эрон пас аз пирӯзии инқилоби исломӣ ҳаргиз масири худро гум накарду дар арсаи байналмилалӣ шароити таҳдидро ба сулҳ табдил кард.

 

Барчасп