Феврал 11, 2017 13:09 Asia/Dushanbe
  • Дастгир шудани пайравони ДИИШ дар атрофи Теҳрон

Додситони кулли Эрон аз дастгир шудани гурӯҳе аз пайравони ДИИШ дар атрофи Теҳрон хабар дод.

Ба гузориши хабаргузории Садо ва симо, Додситони кулли Эрон 22-юми баҳман дар ҷамъи роҳпаймоён дар шаҳри Кошон гуфт, дар ду-се рӯзи гузашта гурӯҳе аз пайравони ДИИШ-ро дар атрофи Теҳрон дастгир кардаанд, ки қасд доштанд, 22-юми баҳман даст ба иқдомоти харобкорона бизананд.

Муҳаммадҷаъфар Мунтазирӣ таъкид кард, ки дар рӯзҳои оянда ахбори бештаре дар ин бора эълом хоҳад шуд. Ӯ афзуд, агар меҳвари муқовимат бо пуштибонии Эрон истодагӣ намекард, ДИИШ ба марзҳои Эрон омада буд ва барномаи васее барои ин кишвар дошт.

 

Барчасп