Феврал 12, 2017 21:05 Asia/Dushanbe
  • Таъкиди Рӯҳонӣ бар тавсеаи муносиботи Эрон ва Молдова

Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон дар дидори раиси ҷумҳурии Молдова бар истифодаи ҳадди аксарӣ аз тамоми фурсатҳо ва зарфиятҳо барои тавсеаи муносиботи ду кишвар таъкид кард.

Ҳасани Рӯҳонӣ, раиси ҷумҳурии Эрон рӯзи якшанбе дар дидори Игор Додон, раиси ҷумҳурии Молдова дар Теҳрон афзуд, Эрон ва Молдова метавонанд ҳамкориҳои хубе дар бахшҳои мухталиф, аз ҷумла гардишгарӣ, кишоварзӣ, ҳамлу нақл ва транзит дошта бошанд.

Рӯҳонӣ густариши ҳамкориҳои ду кишвар дар ҳавзаи энержиро дорои аҳамият донист ва афзуд, Эрон бо тавони болои худ дар тавлиди нафту газ метавонад бахши муҳиме аз ниёзмандиҳои Молдова дар ин ҳавзаро таъмин кунад.

Игор Додон, раиси ҷумҳурии Молдова низ дар ин дидор Эронро кишваре бузург бо таърихе куҳан ва тамаддуни чандҳазорсола донист ва гуфт, бояд аз зарфиятҳои фаровони ҳамкории мавҷуд дар Эрон ва Молдова барои иртиқои сатҳи равобити иқтисодӣ, тиҷорӣ ва сармоягузории ду кишвар истифода кард.

 Вай ҳамчунин зимни даъват аз Ҳасани Рӯҳонӣ барои дидори расмӣ аз Молдова, хостори тавсеаи муносибот ва ҳамкориҳои Теҳрон - Кишинёв дар бахшҳои мухталиф, аз ҷумла ҳамлу нақл, транзит, энержӣ, робитаҳои иқтисодӣ ва ҳамкориҳои бонкӣ шуд.

 

Барчасп