Пешниҳоди Ғарб ба Эрон дар хусуси музокира дар бораи ҳуқуқи башар
(last modified Thu, 04 Aug 2016 08:34:42 GMT )
Август 04, 2016 13:34 Asia/Dushanbe
  • Пешниҳоди Ғарб ба Эрон дар хусуси музокира дар бораи ҳуқуқи башар

Дабири Ситоди ҳуқуқи башари қувваи қазоияи Эрон аз пешниҳоди Урупо ба Ҷумҳурии Исломии Эрон дар хусуси музокираи ҳуқуқи башар хабар дод.

Муҳаммадҷаводи Лориҷонӣ, дабири Ситоди ҳуқуқи башари қувваи қазоияи Эрон шаби чаҳоршанбе дар гуфтугӯ бо "Шабакаи дувум"-и телевизиони Эрон бо баёни ин ки Ғарб аз як мавзеи хос ба дунболи музокира ва таҳмили мантиқу назароти худ ба Эрон аст, афзуд, агар музокирот анҷом шавад, Ситоди ҳуқуқи башари қувваи қазоияи Эрон бар он назорати ҷиддӣ мебарад. Ӯ бо интиқод аз рӯйкарди Ғарб дар хусуси гурӯҳакҳои террористии мунофиқин ва террори 20 ҳазор эронӣ гуфт, Вазорати умури хориҷии Эрон маъмурият дорад, то дар хусуси музокироти ҳуқуқи башар бо Урупо музокира кунад.

Дабири Ситоди ҳуқуқи башари Эрон таъкид кард, дар музокираи Эрон бо Ғарб дар робита ба ҳуқуқи башар ҳайате муташаккил аз мутафаккирон, масъулони қазоӣ ва сиёсатмадорон ҳузур хоҳанд дошт.

Лориҷонӣ иллати интиқод аз Эронро дар бораи ҳуқуқи башар иҷрои қонунҳои исломӣ дар қувваи қазоия дониста гуфт, қувваи қазоияи Эрон иҷоза нахоҳад дод, зидди тафаккуру низоми исломӣ ҷараёни сиёсӣ роҳандозӣ шавад. Ӯ дар интиқод аз Аҳмад Шаҳид, гузоришгари вижаи Шӯрои ҳуқуқи башари СММ дар умури Эрон гуфт, тамоми амалкардҳои Аҳмад Шаҳид таблиғоти нодуруст, сӯистифода аз масъулият ва дифоъ аз терроризм ба унвони абзори дасти кишварҳои мутаарриз ба ҳуқуқи башар будааст.