Баёноти Раҳбари Инқилоби Исломӣ дар 6-умин конфронси байналмилалии "Ҳимоят аз интифозаи Фаластин"
(last modified 2017-02-21T12:43:11+00:00 )
Феврал 21, 2017 17:43 Asia/Dushanbe
  • Баёноти Раҳбари Инқилоби Исломӣ дар 6-умин конфронси байналмилалии

"Интифозае, ки инак дар сарзаминҳои ишғолӣ барои саввумин бор оғоз шуда, мазлумтар аз ду интифозаи гузашта, аммо дурахшону пурумед дар ҳаракат аст ва бо хости Худованд хоҳед дид, ки ин интифоза марҳалаи бисёр муҳиме аз таърихи муборизотро рақам хоҳад зад ва шикасти дигаре бар режими ғосиб таҳмил хоҳад кард".

Бисмиллоҳир раҳмонир раҳим

Алҳамдулилоҳи раббил оламин ва салавотуллоҳи ва таҳайятаҳу ъало сайидил аном Муҳамадинил Мустафо ва олиҳит тайибина ва саҳбиҳил мунтаҷибина қолаллоҳул ҳаким фил китобил мубин.

“وَلَا تَهِنُوا وَلَا تَحْزَنُوا وَأَنْتُمُ الْأَعْلَوْنَ إِنْ کُنْتُمْ مُؤْمِنِینَ” 

(Сураи "Оли Имрон", ояи 139)

 Ва қола азза ман қоил:

“فَلَا تَهِنُوا وَتَدْعُوا إِلَى السَّلْمِ وَأَنْتُمُ الْأَعْلَوْنَ وَاللَّهُ مَعَکُمْ وَلَنْ یَتِرَکُمْ أَعْمَالَکُمْ”

(Сураи "Муҳаммад", ояи 35)

 

Дар оғоз лозим медонам ба ҳамаи Шумо меҳмонони азиз, раисони маҷлисҳо, раҳбарони гурӯҳҳои мухталифи фаластинӣ, андешамандон, фарзонагон ва шахсиятҳои ҷаҳони Ислом ва дигар шахсиятҳои озодихоҳ хушомад бигӯям ва ҳузуратонро дар ин нишасти арзишманд гиромӣ бидорам.

Қиссаи пурғуссаи Фаластин ва андӯҳи ҷонкоҳи мазлумияти ин миллати сабур, бурдбор ва муқовим воқеан ҳар инсони озодихоҳ ва ҳақталабу адолатҷӯро меозорад ва дарду ранҷи анбӯҳ ба дил менишонад. Таърихи Фаластин ва ишғоли золимонаи он ва овора кардани миллионҳо инсон ва муқовимати далеронаи ин миллати қаҳрамон пуршебу фароз аст. Ковиши хоҳишмандона дар таърих нишон медиҳад, ки дар ҳеч даврае аз таърих ҳеч як аз миллатҳои ҷаҳон бо чунин ранҷу андӯҳ ва иқдоми золимона мувоҷеҳ набуданд, ки дар як тавтеаи фароминтақаӣ кишваре ба таври комил ишғол шавад, миллате аз хонаву кошонаи худ ронда шавад ва ба ҷои онон гурӯҳи дигар аз ҷо-ҷои дигар бад-он ҷо гусел шаванд; мавҷудияти ҳақиқӣ нодида гирифта шавад ва мавҷудияти сохта ва ҷаълӣ бар ҷои он биншинад. Аммо ин низ яке аз сафҳаҳои нопоки таърих аст, ки ҳамчун дигар саҳифаҳои олуда бо изни Худои мутаол ва ёрии Ӯ баста хоҳад шуд. Чӣ он ки;

إِنَّ‌ الْبَاطِلَ کانَ‌ زَهُوقًا.(۳) وَ قال: اَنَّ الاَرضَ یَرِثُها عِبَادِیَ الصَّٰلِحُون.

(Сураи "Исро", бахше аз ояи 81)

Конфронси Шумо дар яке аз сахттарин шароити минтақаиву ҷаҳонӣ баргузор мешавад. Минтақаи мо ки ҳамвора пуштибони миллати Фаластин дар муборизоти он алайҳи як тавтеаи ҷаҳонӣ будааст, имрӯзҳо дастхуши нооромӣ ва буҳронҳои бешумор аст. Буҳронҳои мавҷуд дар чандин кишварҳои исломии минтақа боис шудааст то ҳимоят аз масъалаи Фаластину ормони муқаддаси озодии Қудс камранг шавад. Таваҷҷуҳ ба натиҷаи ин буҳронҳо нишон медиҳад, ки қудратҳои манфиатдор аз он кадоманд. Ононе ки режими саҳюнистиро дар ин минтақа ба вуҷуд овардаанд то аз тариқи таҳмили як даргирии дарозмуддат монеи суботу истиқрор ва пешрафти минтақаӣ шаванд, инак низ дар паси фитнаҳои мавҷуд қарор доранд. Фитнаҳое, ки боис шудааст то тавонмандиҳои миллатҳои минтақа дар даргириҳои абасу беҳуда ва хунсо кардани якдигар сарф шавад ва бо коҳилии ҳама, он гоҳ фурсат барои қудратгирии ҳар чӣ бештари режими ғосиби саҳюнистӣ фароҳам ояд. Ҳамчунон дар ин миён шоҳиди талоши хайрхоҳону оқилон ва ҳокимҳои уммати Ислом ҳастем, ки дилсӯзона дар пайи ҳалли ин ихтилоф ҳастанд. Аммо мутаассифона, тавтеаҳои печидаи душман тавонистааст бо баҳрагирӣ аз ғафлати бархе давлатҳо ҷангҳои дохилиро бар миллатҳо таҳмил кунад ва онҳоро ба ҷони якдигар бияндозад ва талоши ин хайрхоҳони уммати исломиро камасар кунад. Он чӣ дар ин миён қобили таваҷҷуҳ аст, заиф кардани ҷойгоҳи масъалаи Фаластин ва талош барои хориҷ шудани он аз авлавият аст. Бо вуҷуди ихтилофоте, ки кишварҳои исломӣ бо якдигар доранд, ки бархе аз онҳо табиӣ ва бархеи дигар тавтеаи душману бархеи дигар аз ғафлат сарчашма мегиранд, лекин ҳамчунон унвони Фаластин метавонад ва бояд меҳвару хидмати ҳамаи онон бошад.

Яке аз дастовардҳои ин нишасти арзишманд матраҳ кардани авлавияти нахустини ҷаҳони Ислом ва озодихоҳони ҷаҳон, яъне мавзӯи Фаластин ва эҷоди фазои ҳамдилӣ барои пиёда кардани ҳадафи волои ҳимоят аз мардуми Фаластин ва муборизоти ҳақталабонаву адолатхоҳонаи онон аст. Ҳаргиз набояд аз аҳамияти ҳимояти сиёсӣ аз мардуми Фаластин ғофил буд, ки дар ҷаҳони имрӯз аз авлавиятҳои вижае бархурдор аст. Миллатҳои мусулмон ва озодихоҳ бо ҳар тарзу равиш метавонанд дар як ҳадаф гирдиҳам оянд ва он Фаластину зарурати талош барои озодии он аст. Бо падидор шудани нишонаҳои заволи режими саҳюнистӣ ва заъфе, ки бар муттаҳидони аслии он, ба вижа Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ҳоким шудааст, мушоҳида мешавад, ки андак-андак фазои ҷаҳонӣ низ ба самти муқобила бо иқдомоти хасмонаву ғайриқонунӣ ва ғайриинсонии режими саҳюнистӣ майл мекунад. Албатта ҳанӯз ҷомеаи ҷаҳонӣ ва кишварҳои минтақа натавонистаанд ба масъулияти худ дар қиболи ин масъалаи инсонӣ амал кунанд.

Саркӯби ваҳшиёнаи миллати Фаластин, дастгиршуданҳои густурда, қатлу ғорат, ғасби сарзаминҳои ин миллат ва бино ниҳодани шаҳрак дар онҳо талош барои тағйири чеҳра ва ҳуввияти шаҳри муқаддаси Қудс, Масҷид-ул-ақсо ва дигар маконҳои муқаддаси исломиву масеҳӣ дар он, гирифтани ҳуқуқҳои аввалияи шаҳрвандон, бисёре аз зулмҳои дигар ҳамчунон идома дорад ва пуштибонии ҳамаҷонибаи ИМА, бархе дигар аз давлатҳои ғарбӣ бархурдор аст ва мутаассифона бо аксуламали шоистаи ҷаҳонӣ мувоҷеҳ нест. Миллати Фаластин ифтихор дорад, ки Худои мутаол ба онон миннат гузошта ва рисолати азими дифоъ аз ин сарзамини муқаддасу Масҷид-ул-ақсоро ба дӯши онон ниҳодааст. Ин миллат роҳе ҷуз ин надорад, ки бо таваккул кардан ба Парвардигори мутаол ва такя кардан ба тавонмандиҳои зоти худ дар садад барояд то шуълаи муборизаро ҳамчунон фурӯзон нигоҳ дорад ва алҳақ ки то кунун чунин кардааст. Интифозае, ки инак дар сарзаминҳои ишғолӣ барои саввумин бор оғоз шуда, мазлумтар аз ду интифозаи гузашта, аммо дурахшону пурумед дар ҳаракат аст ва бо хости Худованд хоҳед дид, ки ин интифоза марҳалаи бисёр муҳиме аз таърихи муборизотро рақам хоҳад зад ва шикасти дигаре бар режими ғосиб таҳмил хоҳад кард. Ин ғуддаи саратонӣ аз ҳангоми оғоз марҳалае рушд карда, ба балое кунунӣ табдил шуда, дар дармони он низ бояд марҳалае бошад, ки чанд интифозаву муқовимати пайгирона ва самаранок тавонистааст ҳадафҳои марҳалаи бисёр муҳимеро амалӣ сохта, ҳамчунон бо фарёд ба пеш метозад то дигар аҳдофи худро то замони озодии комили Фаластин амалӣ созад.

Миллати бузурги Фаластин, ки ба танҳоӣ бори сангини мубориза бо саҳюнизми ҷаҳонӣ ва ҳомиёни қулдури онро ба дӯш мекашад, сабуру бурдбор, мустаҳкаму устувор ба тамоми муддаиён фурсат додааст то иддаои худро ба маҳаки таҷриба биспоранд. Рӯзе ки бо иддаои нодурусти воқеъбинӣ ва зарурати пазириши ҳадди ақали ҳуқуқ барои пешгирӣ аз зойеъ шудани он тарҳҳои созиш ба таври ҷиддӣ матраҳ шуданд, миллати Фаластин ва ҳатто ҳамаи ҷараёнҳое ки нодурустии ин дидгоҳ барояшон аз пеш исбот шуда буд, ба он фурсат доданд. Албатта Ҷумҳурии исломии Эрон аз ҳамон ибтидо бар нодурустии ин навъ равишҳои созишкорона таъкид кард ва осори зиёнбору зарарҳои сангини онро гӯшзад намуд. Фурсате, ки ба раванди созиш дода шуд, осори мухаррибе дар масири муқовимат ва муборизаи миллати Фаластин ба ҳамроҳ дошт. Аммо танҳо фоидаи он исботи нодурусти тасаввури воқеъбинӣ дар амал буд. Асосан равиш ва тариқаи шаклгирии режими саҳюнистӣ ба гунае аст, ки наметавонад аз тавсеаталабиву саркӯбгарию зойеъ шудани ҳаққи фаластиниён даст бардорад, зеро мавҷудият ва ҳуввияти он дар гарави нобудии тадриҷии ҳуввият ва мавҷудияти Фаластин аст. Чӣ он ки мавҷудияти номашрӯи режими саҳюнистӣ дар сурате қобилияти истимрор хоҳад дошт, ки бар вайронаҳои ҳуввият ва мавҷудияти Фаластин бино шавад. Ба ҳамин далел аст, ки ҳифозат аз ҳуввияти фаластинӣ ва посдорӣ аз ҳамаи нишонаҳои ин ҳуввияти барҳаққу табиӣ амре воҷиб, зарурӣ ва як ҷиҳоде муқаддас аст. То вақте ки номи Фаластин, ёди Фаластин ва шӯълаи фурӯзони муқовимати ҳамаҷонибаи ин миллат барафрошта бимонад, имкон надорад, ки пояҳои режими ишғолгар мустаҳкам бимонад.

Мушкили раванди созиш фақат дар ин нест, ки бо кӯтоҳ омадан аз ҳаққи як миллат ба режими ғосиб машруият медиҳад, ки худ хатое бузург ва нобахшиданӣ аст, балки мушкил дар он аст, ки асосан ҳеч таносубе бо шароити кунунии масъалаи Фаластин надорад ва хислатҳои тавсеаталабонаву саркӯбгарона ва ҳарисонаи саҳюнистҳоро дар назар намегирад, аммо ин миллат бо ғанимат шумурдани фурсат тавонистааст нодурустии иддаои муддаиёни созишро ба исбот расонад ва дар натиҷа навъе иҷмои миллӣ дар мавриди равишҳои мубориза барои таъмини ҳуқуқҳои мардуми Фаластин шакл гирифтааст.

Ин ки мардуми Фаластин дар корномаи сӣ даҳаи гузаштаи худ ду улгӯи мутафовитро таҷриба карданд ва мизони таносуби онро бо шароити хеш дарёфтанд. Дар муқобили раванди созиш улгӯи муқовимати қаҳрамонона ва самараноки интифозаи муқаддас қарор дорад, ки дастовардҳои азиме барои ин миллат доштааст. Бедалел нест, ки имрӯзҳо мушоҳида мекунем, ки аз сӯйи марказҳои шинохташуда муқовимат мавриди ҳуҷум ё интифоза мавриди суол қарор мегирад. Аз душман интизорӣ ҷуз ин нест. Зеро ба дурустӣ ин роҳ ва самарабахш будани он огоҳии комил дорад. Аммо гоҳо мушоҳида мекунем, ки бархе аз ҷараёнҳо ҳатто кишварҳое, ки дар зоҳир иддаои ҳамроҳӣ бо масъалаи Фаластинро доранд, дар ҳақиқат дар сададанд то масири дурусти ин миллатро мунҳариф кунанд, ба муқовимат ҳамла мекунанд. Иддаои онон ин аст, ки муқовимат дар пайи чанд даҳа аз умри худ ҳанӯз натавонистааст озодии Фаластинро фароҳам созад. Пас ин равиш ниёзманди бознигарӣ аст! Дар посух бояд гуфт: дуруст аст, ки муқовимат ҳанӯз натавониста ба ҳадафи ниҳоии худ, яъне озодии куллии Фаластин даст ёбад, лекин муқовимат тавонистааст масъалаи Фаластинро зинда нигаҳ дорад. Бояд дид, агар муқовимат набуд, инак дар чӣ шароите ба сар мебурдем? Муҳимтарин дастоварди муқовимат, эҷоди монеи асосӣ дар баробари проектҳои саҳюнистӣ аст. Муваффақияти муқовимат дар таҳмили як ҷанги фарсоишӣ ба душман аст, яъне тавониста барномаи аслии режими саҳюнистиро, ки сайтара бар кулли минтақа буд, ба шикаст бикашонад. Дар ин раванд бояд ба ҳақ, аз асли муқовимат ва силаҳшӯроне, ки дар давраҳои мухталиф ва аз ҳамон ибтидои иҷрои пружаи таъсиси режими саҳюнистӣ ба муқовимат пардохтанд ва бо тақдими ҷони худ парчами муқовиматро барафрошта нигоҳ дошта ва насл ба насл онро мунтақил карданд, таҷлил шавад. Нақши муқовимат дар давраҳои баъд аз ишғол бар касе пӯшида нест ва яқинан наметавон ҳатто нақши муқовиматро дар пирӯзии мухтасари ҷанги соли 1352, баробар бо 1973 –и мелодӣ нодида ангошт. Ва аз соли 1361, мусодиф бо 1982-и мелодӣ, ки амалан бори муқовимат бар дӯши мардуми дохили Фаластин қарор гирифт, муқовимати исломии Лубнон –Ҳизбуллоҳ аз роҳ расид то ёригари фаластинён дар масири муборизоташон бошад. Агар муқовимат режими саҳюнистиро замингир накарда буд, инак шоҳиди дастандози он ба дигар сарзаминҳои минтақа будем. Аз Миср гирифта то Урдун ва Ироқ ва халиҷи Форс ва ғайра; Оре, ин дастовард бисёр муҳим аст, аммо ин танҳо дастоварди муқовимат нест ва озодии ҷануби Лубнон ва озодии Ғазза, иҷрои ду ҳадаф марҳалаи муҳим дар раванди озодии Фаластин ба шумор меравад, ки тавонистааст раванди густариши ҷуғрофиёии режими саҳюнистиро баръакс гардонад. Аз авоили даҳаи 60-и ҳиҷрии шамсӣ, мусодиф бо даҳаи 80-и мелодӣ ба баъд, дигар на танҳо режими саҳюнистӣ қодир набудааст ба сарзаминҳои ҷадиде дастандозӣ кунад, балки ақибгардии он бо хуруҷи зиллатбор аз ҷануби Лубнон оғоз шуд ва бо хуруҷи зиллатбори дигар аз Ғазза идома ёфт. Ҳеҷ кас наметавонад мункири нақши асосӣ ва таъйинкунандаи муқовимат дар интифозаи нахуст бошад. Дар интифозаи дувум низ нақши муқовимат асосӣ ва барҷаста буд. Интифозае, ки дар ниҳоят режими саҳюнистиро водор кард то аз Ғазза хориҷ шавад. Ҷанги 33 рӯзаи Лубнон ва ҷангҳои 22 рӯза, 8 рӯза ва 51 рӯза дар Ғазза ҳамагӣ сафаҳоти дурахшоне аз корномаи муқовимат аст, ки боиси ифтихори тамоми миллатҳои минтақа, ҷаҳони Ислом ва ҳамаи инсонҳои озодихоҳи ҷаҳон аст. Дар ҷанги 33 рӯза амалан ҳамаи роҳҳои имдодрсонӣ ба миллати Лубнон ва муқовимони силаҳшӯри Ҳизбуллоҳ баста шуда буд, аммо ба ёрии Худованд ва иттико ба нерӯи азими мардуми муқовими Лубнон, режими саҳюнистӣ ва ҳомии аслии он, яъне Иёлоти муттаҳидаи Амрико шикасти залилонаеро мутаҳаммил шуданд, ки дигар ба осонӣ ҷуръати ҳамла ба он диёрро нахоҳанд кард. Муқовиматҳои пайдарпайи Ғазза, ки инак ба қалъаи шикастнопазири муқовимат мубаддал шудааст, дар тайи чанд ҷанги паёпай нишон дод, ки ин режим заифтар аз он аст, ки дар муқобили иродаи як миллат тавони истодагӣ дошта бошад. Қаҳрамони аслии ҷангҳои Ғазза миллати силаҳшӯр ва муқовиме аст, ки бо вуҷуди таҳаммули чандин соли муҳосираи иқтисодӣ бо иттико ба қудрати имон, ҳамчунон аз ин қалъа дифоъ мекунад. Ҷойи он дорад, ки аз ҳамаи гурӯҳҳои муқовимати Фаластин, Сароё Алқудс аз Ҷунбиши ҷиҳоди исломӣ, лашкари Иззуддин Қисом аз Ҳамос, лашкари  шуҳадои Алақсо аз Фатҳ ва лашкари Абуалӣ Мустафо аз Ҷабҳаи халқ барои озодии Фаластин, ки нақши арзишманде дар ин ҷангҳо доштанд, тақдир ва қадрдонӣ ба амал ояд.

Меҳмонони гиромӣ! Хатароти ҳузури режими саҳюнистӣ ҳаргиз набояд мавриди ғафлат қарор гирад ва лизо муқовимат бояд аз ҳамаи абзорҳои лозим барои истимрори кори худ бархурдор бошад ва дар ин масир ҳамаи миллатҳо ва давлатҳои минтақа ва ҳамаи озодихоҳони ҷаҳон вазифа доранд ниёзҳои асосии ин миллати муқовимро таъмин кунанд, ки бистари аслии муқовимат, истодагӣ ва пойдории миллати Фаластин аст, ки худи фарзандони ғаюр ва муқовимро парвариш додааст. Таъмини ниёзҳои мардуми Фаластин ва муқовимати Фаластин вазифае муҳим ва ҳаётӣ аст, ки ҳама бояд ба он амал кунем. Дар ин раванд набояд ба ниёзҳои асосии муқовимат дар Каронаи Бохтарӣ бетаваҷҷуҳ буд, ки инак бори аслии интифозаи мазлумро бар дӯш мекашад.

Муқовимати Фаластин низ бояд бо ибратгирӣ аз гузаштаи худ ба ин нуктаи муҳим таваҷҷуҳ дошта бошад, ки муқовимат ва Фаластин арзишмандтару волотар аз он аст, ки дар ихтилофоти миёни кишварҳои исломию арабӣ, ё ихтилофоти дохилии кишварҳо, ё ихтилофоти қавмию мазҳабӣ даргир шавад. Фаластиниён, бахусус гурӯҳҳои муқовимат бояд қадри ҷойгоҳи арзишманди худро бидонанд ва ба ин ихтилофот ворид нашаванд. Кишварҳои исломию арабӣ, ҳамаи ҷараёнҳои исломию миллӣ, муваззафанд, дар хидмати ормони Фаластин қарор гиранд. Ҳимоят аз муқовимат вазифаи ҳамаи мо аст ва ҳеҷ кас ҳақ надорад, дар баробари кӯмак аз онон интизори вижае дошта бошад. Оре, танҳо шарти кӯмак ин аст, ки ин кӯмакҳо ҷиҳати тақвияти тавони мардуми Фаластин ва сохтори муқовимат сарф шавад. Пойбандӣ ба андешаи истодагӣ дар баробари душман ва муқовимат дар ҳамаи буъдҳои он зомини идомаи ин кӯмакҳост. Мавзеи мо нисбат ба муқовимат як мавзеи усули аст ва рабте ба гурӯҳи хосе надорад. Ҳар гурӯҳе, ки дар ин масир устувор бошад, бо ӯ ҳамроҳ ҳастем ва ҳар гурӯҳе, ки аз ин масир хориҷ шавад, аз мо дур шудааст. Умқи робитаи мо бо гурӯҳҳои муқовимати исломӣ фақат ба мизони пойбандии онон ба асли муқовимат муртабит аст.

Нуктаи дигаре, ки бояд ба он ишора шавад, ихтилоф миёни гурӯҳҳои мухталифи фаластинӣ аст. Тафовути дидгоҳ ба далели гуногун будани хоҳишҳо дар миёни маҷмӯаҳо амри табиию қобили дарк аст ва то он ҷо, ки дар ҳамин маҳдуда боқӣ бимонад, чӣ басо мӯҷиби ҳамафзоию бениёзии ҳарчи бештари муборизоти мардуми Фаластин мешавад, лекин мушкил аз замоне оғоз мешавад, ки ин ихтилофот ба низоъ ва Худо накарда, даргирӣ анҷомад. Дар ин сурат ҷараёнҳои мухталиф бо хунсо кардани қудрату тавони якдигар амалан дар масире гом мениҳанд, ки хости душмани муштараки ҳамаи онҳост. Мудирияти ихтилофу тафовути нигариш ва завқ ҳунаре аст, ки ҳамаи ҷараёнҳои аслӣ бояд онро ба кор гиранд ва ба гунаи барномаҳои мухталиф муборизоти худро барномарезӣ кунанд, ки фақат ба душман фишор овараду мӯҷиби тақвияти мубориза шавад. Иттиҳоди миллӣ бар асоси барномаи ҷиҳодӣ зарурати миллӣ барои Фаластин аст, ки интизор миравад, ҳамаи ҷараёнҳои мухталиф ҷиҳати амал ба хости ҳамаи мардуми Фаластин барои таҳаққуқ он бикушанд.

Муқовимат ин рӯзҳо бо тавтеаи дигаре низ дастобагиребон аст ва он талоши дӯстнамое аст, ки мекӯшанд, муқовимату интифозаи мардуми Фаластинро аз масири худ мунҳариф сохта, онро сарфи муомилоти сиррии худ бо душманони миллати Фаластин намоянд. Муқовимат ҳушмандтар аз он аст, ки дар ин дом фурӯ афтад, ба вижа он ки миллати Фаластин раҳбари ҳақиқии муборизоту муқовимат аст ва таҷрибаи гузашта нишон медиҳад, ки ин миллат бо дарки дақиқи шароит монеъ аз ин гуна инҳирофот мешавад ва агар Худо накарда, ҷараёне аз ҷараёнҳои муқовимат дар ин дом фурӯ афтад, ин миллат ҳамчун гузашта метавонад ниёзи худро бозтавлид кунад. Агар гурӯҳе парчами муқовиматро бар замин бигузорад, яқинан гурӯҳи дигар аз дили миллати Фаластин бармеояд ва он парчамро дар даст хоҳад гирифт.

Мутмаинан Шумо, ҳозирини муҳтарам, дар ин нишаст фақат ба Фаластин хоҳед пардохт, ки муттаассифона, дар чанд соли ахир кӯтоҳиҳое дар таваҷҷуҳи лозим ва зарурӣ нисбат ба он сурат гирифтааст. Яқинан буҳронҳои мавҷуд дар баъзе ҷойҳои минтақа ва уммати исломӣ шоистаи таваҷҷуҳ аст, лекин он чӣ муҷиби ин гирдиҳамоӣ аст, масъалаи Фаластин аст. Ин иҷлос метавонад худ намунае бошад, то бо пайравӣ ба он рафта-рафта ҳамаи мусалмонону миллатҳои минтақа битавонанд бо такя ба иштирокоти худ ихтилофотро маҳор карда, бо ҳалли тактикии онҳо муҷиби тақвияти ҳарчи бештари уммати Муҳаммад (с)-ро фароҳам оваранд.

Дар поён лозим медонам, бори дигар аз ҳузури арзишманди ҳамаи шумо меҳмонони олиқадр ташаккур кунам. Ҳамчунин аз раиси муҳтарами Маҷлиси Шӯрои Исломӣ ва ҳамкоронашон дар маҷлиси даҳум ба далели заҳмате, ки барои ташкили ин конфронс анҷом доданд, ташаккур мекунам. Тавфиқи ҳамаи шуморо дар хидмат ба масъалаи Фаластин ба унвони аслитарин масъалаи ҷаҳони Ислом ва меҳвари ваҳдати ҳамаи мусулмонону озодагони ҷаҳон аз даргоҳи Эзиди маннон масъалат дорам. Дуруду раҳмати Худованд нисори рӯҳи пурфутӯҳи ҳамаи шуҳадои Ислом бод, ба вижа шуҳадои воломақоми муқовимат дар қиболи режими саҳюнистӣ ва низ ҳамаи размандагони содиқи ҷабҳаи муқовимат ва низ рӯҳи мутаҳҳари бунёнгузори ҷумҳурии исломӣ, ки бештарин кӯшишро ба қазияи Фаластин бахшид.

Муваффақ ва пирӯз бошед.

Вассалому алайкум ва раҳматуллоҳи ва баракотуҳ.

 

 

Барчасп