Фаластин; Мавзӯи ваҳдатофарин ва масъалаи аввали ҷаҳони ислом
https://parstoday.ir/tg/news/iran-i13710
Сухангӯи Конфронси байналмилалии ҳимоят аз интифозаи Фаластин гуфт: Паёми аслии баргузории Конфронси байналмилалии ҳимоят аз интифозаи Фаластин дар Теҳрон, авлавияти нахуст будани масъалаи Фаластин барои ҷаҳони ислом ба унвони як мавзӯи ваҳдатофарин аст.
(last modified 2025-01-16T07:54:01+00:00 )
Феврал 22, 2017 11:53 Asia/Dushanbe
  • Фаластин; Мавзӯи ваҳдатофарин ва масъалаи аввали ҷаҳони ислом

Сухангӯи Конфронси байналмилалии ҳимоят аз интифозаи Фаластин гуфт: Паёми аслии баргузории Конфронси байналмилалии ҳимоят аз интифозаи Фаластин дар Теҳрон, авлавияти нахуст будани масъалаи Фаластин барои ҷаҳони ислом ба унвони як мавзӯи ваҳдатофарин аст.

Ба гузориши хабаргузории Садо ва Симои Эрон, Козими Ҷалолӣ, сухангӯи Конфронси байналмилалии ҳимоят аз интифозаи Фаластин афзуд: Мутаассифона мавҷи ифротигарӣ ва терроризм ва ҷангҳои ниёбатӣ, ишғол ва саркӯб дар минтақа, масъалаи Фаластинро аз авлавияти аввали ҷаҳони ислом хориҷ кардааст.

Козими Ҷалолӣ бо ишора ба сӯиистифодаи режими саҳюнистӣ аз шароити кунунии минтақа тасреҳ кард: Саҳюнистҳо хушунат ва терроризмро дар минтақа шакл доданд ва дар ҳоли баҳрабардорӣ аз он ҳастанд ва аз тарафи дигар ин хушунатро ба номи ислом дар ҷаҳон мунташир ва исломҳаросиро эҷод мекунанд.

Ҷалолӣ ҳамчунин гуфт: Масъалаи Фаластин меҳвари ваҳдати уммати исломӣ аст ва ба ҳамин иллат ҷараёни истикборӣ ва расонаии саҳюнистӣ талош мекунанд то ин мавзӯъро аз авлавияти ҷаҳони ислом хориҷ кунанд.

Сухангӯи Конфронси байналмилалии ҳимоят аз интифозаи Фаластин бо ишора ба инки инқилоби исломии Эрон илҳомбахши мардуми минтақа будааст, таъкид кард: Эрон аз ваҳдати уммати исломӣ истиқбол мекунад ва ҳадафи Ҷумҳури Исломӣ аз баргузории Конфронси ҳимоят аз Фаластин, ваҳдати Фаластин ва иттиҳоди уммати исломӣ аст.

Шашумин Конфронси байналмилалии ҳимоят аз интифозаи Фаластин субҳи сешанбе бо баёноти ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ, Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ ва ҳузури мақомот ва шахсиятҳои барҷастаи сиёсӣ аз 80 кишвари ҷаҳон дар Теҳрон оғоз ба кор кард.