Конфронси Теҳрон – нишонаи ҳимояти ниҳодинашудаву қонунманд аз Фаластин
(last modified Wed, 22 Feb 2017 15:07:23 GMT )
Феврал 22, 2017 20:07 Asia/Dushanbe
  • Конфронси Теҳрон – нишонаи ҳимояти ниҳодинашудаву қонунманд аз Фаластин

Конфронси Теҳрон дар ҳимоят аз интифоза ва Қудс дар шароите баргузор мешавад, ки талошҳои зиёде тавассути меҳвари арабӣ-ғарбӣ барои костани аҳамияти мавзӯи Фаластин анҷом мешавад.

Шашумин конфронси “Ҳимоят аз интифозаи Фаластин” рӯзи 21 феврал дар Теҳрон оғоз шуд. Саволҳои бешуморе дар бораи мавзӯи Фаластин вуҷуд дорад, ки посух додан ба онҳо зарурӣ аст. Яке аз пурсишҳо ин аст, ки чаро бархе кишварҳо талош мекунанд, мавзӯи Фаластин ба ҳошия ронда шавад ва авлавияти аслии ҷаҳони Ислом набошад? Посух ин аст, ки мазлумияти Фаластин дар муқобили ҷиноятҳои режими саҳюнистӣ мавзӯият пайдо мекунад. Режими саҳюнистӣ муҳимтарин муттаҳиди Ғарб дар минтақа аст ва асосан тавассути қудратҳои ғарбӣ, бавижа Англия ва Амрико сохта шудааст. Мавҷудияти режими Исроил маснӯӣ аст, зеро дорои сарзамин нест, балки сарзамини Фаластинро бо ҳимояти Англия ва Амрико ишғол кардааст ва ба ин ишғолгарӣ низ идома медиҳад. Бинобар ин, аз дидгоҳ Исроил ва ҳомиёнаш, мавзӯи Фаластин ва мазлумияти он бояд камранг ва ба ҳошия ронда шавад, то ҷиноятҳои Исроил, бахусус идомаи ишғоли сарзамини Фаластин дар қолаби шаҳраксозӣ барҷаста нашавад.

Саволи дигар ин аст: бо ин ки Фаластин аз лиҳози ҳувиятӣ арабӣ-исломӣ аст, чаро кишварҳои муддаии ҷаҳони араб, аз ҷумла Арабистони Саудӣ ба ҷойи дифоъ аз мазлумияти Фаластин наздикӣ ба Исроилро баргузидаанд? Фаромӯш набояд кард, ки ҳокимони аксари кишварҳои арабӣ бақои худро дар қудрат ба ҳимояти Ғарб, бавижа Амрико вобаста медонанд. Яке аз шартҳои аслии Амрико барои ҳимоят аз ҳокимони араб низ душманӣ накардан бо режими саҳюнистӣ ва беҳбудии равобит бо ин режим аст. Аз сӯйи дигар бо вуҷуди ҳувияти арабӣ-исломии Фаластин ҳимоят аз Фаластин ва мусалмонон барои ҳокимони аксари кишварҳои арабӣ мавзӯи ниҳодинашуда ва қонунманд нест. Ба ибораи дигар ҳимоят аз ормони Фаластин барои миллати араб муҳим аст, аммо аз он ҷо ки аксари ҳокимон ва ҳукуматҳои араб аз ҷониби мардум интихоб нашудаанд, ба хостаҳои мардум низ таваҷҷуҳе надоранд.

Бо таваҷҷуҳ ба ин ки қудратҳои ғарбӣ хоҳони барҷаста шудани мазлумияти Фаластин ва ҷиноятҳои Исроил нестанд, аксари ҳокимони араб низ наздикӣ ба Исроилро бо ҳадафи ҷалби ҳимояти Ғарб баргузидаанд, Ҷумҳурии Исломии Эрон ба шеваҳои мухталиф парчамдори ҳимоят аз Фаластин аст ва баргузории конфронси Теҳрон дар ҳимоят аз интифоза ва Қудс гувоҳи ин пешгомӣ аст. Ҳимоят аз Фаластин дар Ҷумҳурии Исломии Эрон мавзӯи ниҳодинашуда ва қонунманд аст, зеро ҳамон гуна ки Алии Лориҷонӣ, раиси Маҷлиси Шӯрои Исломӣ дар оғози конфронси Теҳрон гуфт, дар Қонуни Асосии Эрон, аз ҷумла усули сеюм, ёздаҳум, чаҳордаҳум, 152 ва 154-ум бар талош барои ваҳдати уммати Ислом дар ҳама абъод ва ҳимояти бедареғ аз мустазъафон таъкид шуда, ки Фаластин саромади мазлумият аст. Конфронси Теҳрон метавонад бори дигар ҳуқуқи машрӯи мардуми Фаластин ва ҷиноятҳои режими Исроил алайҳи ин ҳуқуқро барҷаста созад.