Феврал 23, 2017 13:58 Asia/Dushanbe
  • Ҳамоиши байналмилалии созмонҳои мардумниҳоди мудофеъи Фаластин дар Теҳрон

Ҳамоиши байналмилалии фаъолон ва созмонҳои мардумниҳоди мудофеъи Фаластин дар Теҳрон оғоз ба кор кард.

Ба гузориши хабаргузории Садо ва Симо, дар ҳамоиши байналмилалии созмонҳои мардумниҳоди мудофеъи Фаластин, намояндагони беш аз 30 созмони мардумниҳоди (Суман) ҳомии Фаластин аз саросари ҷаҳон ҳузур доранд ва дар бораи заруратҳо ва чигунагии ҳимоят "созмонҳо" аз интифозаи миллати Фаластин, гуфтугӯ мекунанд.

Дар ин ҳамоиши як рӯза, тарҳҳои амалӣ барои дастёбӣ ба як барномаи амалии муштарак, аҳамияти таблиғот дар фазои маҷозӣ, дар заминаи Фаластин ва эҷоди заминаи изҳори назар барои созмонҳои ҷомеаи маданӣ бо фаъолсозӣ барои кӯмак ба масъалаи Фаластин, бо ҳадафи истифода аз таҷриба ва роҳбурдҳои созмонҳои мардумниҳод баррасӣ хоҳад шуд.

Ин ҳамоиш як рӯз пас аз поёни шашумини Конфронси байналмилалии “Ҳимоят аз интифозаи мардуми Фаластин”, дар Теҳрон баргузор мешавад.

Ширкаткунандагон дар шашумини Конфронси байналмилалии “Ҳимоят аз интифозаи мардуми Фаластин”, рӯзи чаҳоршанбе бо судури баёнияе бар лузуми талоши бештар барои поён додан ба ишғолгарӣ ва пойбандӣ ба ваҳдати сарзамини Фаластин ва ташкили кишвари мустақил Фаластин ба пойтахтии Қудс таъкид карданд.

Барчасп