Эрон раиси гурӯҳи 77 шуд
https://parstoday.ir/tg/news/iran-i13804-Эрон_раиси_гурӯҳи_77_шуд
Ҷумҳурии исломии Эрон раёсати кишварҳои гурӯҳи 77-и Созмони милалро бар ӯҳда гирифт.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Феврал 24, 2017 17:48 Asia/Dushanbe
  • Эрон раиси гурӯҳи 77 шуд

Ҷумҳурии исломии Эрон раёсати кишварҳои гурӯҳи 77-и Созмони милалро бар ӯҳда гирифт.

Ба гузориши хабаргузории Садо ва Симо, бо раъйи аъзои гурӯҳи ҳафтоду ҳафт, Ризо Наҷафӣ, сафиру намояндаи доими Эрон дар созмонҳои байналмилалии мустақар дар Вена, раёсати кишварҳои гурӯҳи 77-и Созмони Милали Муттаҳидро ба муддати як сол бар ӯҳда гирифт.

Гурӯҳи 77 бузургтарин созмони байнидавлатии кишварҳои дар ҳоли тавсеа дар Созмони милал аст.

Ин гурӯҳ 15-уми июни соли 1964 ва бо ибтикори 77 кишвари дар ҳоли тавсеа дар поёни нахустин конфронси тиҷорату тавсеаи СММ дар Женеваи Швейтсария таъсис ёфт.

Гурӯҳи 77 ҳамакнун 134 узв дорад ва аз нақши муҳиме дар фаҳмондадиҳӣ ва пешбурди мавозеъ ва авлавиятҳои кишварҳои дар ҳоли тавсеаву ҳамкориҳои ҷануб – ҷануб бархӯрдор аст.