Феврал 25, 2017 18:16 Asia/Dushanbe
  • Раёсати Эрон бар гурӯҳи 77 арсаи тозае барои нақшофаринии минтақаӣ ва байналмилалӣ

Интихоби Эрон ба унвони раиси гурӯҳи 77 аз сӯи Созмони милал, бори дигар зарфиятҳо ва тавоноиҳои Эронро баунвони як кунишгари фаъол ва асаргузор дар саҳнаи байналмилалӣ ба исбот расонд.

Дар маросиме, ки рӯзи ҷумъа дар дафтари Созмони милал дар Вена ва бо ҳузури руасои созмонҳои байналмилалии мустақар ва теъдоди зиёде аз суфаро ва намояндагони кишварҳои мухталиф баргузор шуд, Ризо Наҷафӣ, сафир ва намояндаи доими Эрон назди Созмони милал дар Вена ба унвони раиси гурӯҳи 77 ба муддати як сол интихоб шуд. Ҷумҳурии исломии Эрон пеш аз ин низ дар соли 2001 раёсати гурӯҳи 77-ро ба уҳда дошт .

Гурӯҳи 77 дар 15 июни соли 1964, тавассути 77 кишвари дар ҳоли тавсеаи имзокунандаи эъломияи гурӯҳи 77 дар шаҳри Женеваи Швейтсария бо ҳадафи пайгирии баҳсҳои иқтисодӣ ва тавсеа дар арсаи байналмилалӣ ташкил шуд. Ин гурӯҳ ҳамакнун бо 134 узв, бузургтарин маҷмуаи байналмилалии кишварҳои дар ҳоли тавсеа ва аз ҷумлаи гурӯҳҳои муҳим ва таъсиргузор дар мабоҳис ва музокироти Созмони милал ба вижа дар заминаи масоили тавсеаӣ ба шумор меояд, аммо номи аввалияи ин гурӯҳ (77) ба далели аҳаммияти торихии он ҳифз шудааст.

Эрон бавижа дар як даҳаи гузашта ба баҳонаҳои мухталиф аз ҷумла коршиканӣ дар барномаи сулҳомези ҳастаӣ, бо фишорҳои сиёсии байналмилалӣ аз ҷумла таҳримҳои иқтисодӣ мувоҷеҳ шуд.

Амрико ва бархе кишварҳои аврупоӣ дар ҳамаи ин солҳо талош карданд, Эронро дар арсаҳои минтақаӣ ва байналмилалӣ дучори мушкил созанд, то дар инзивои комил қарор гирад. Мухолифати Амрико бо узвият ва интихоби номзадҳои муаррифишуда аз сӯи давлати ҷ.и. Эрон барои узвият дар бархе созмонҳои байналмилалӣ дар ҳамин росто шакл гирифт. Эҷоди чолишҳои пешорӯи Эрон дар ҷарёни интихоботи марбут ба раёсати ҳайъати иҷроии барномаи умрони милали муттаҳид, сандуқи ҷамъияти милали муттаҳид ва эҳрози симмати мудири куллии Созмони хурокворӣ ва кишоварзӣ аз он ҷумлаанд. Аммо бо вуҷуди ин коршиканиҳо, Эрон тавонист бо ифои нақше асаргузор ва пуё дар созмонҳои минтақаӣ ҳамчун ЭКО, гурӯҳи ҳашти кишвари дар ҳоли тавсеа мавсум ба Д-8 ва бо раёсате пурасар бар ҷунбиши ғайри мутааҳҳидҳо, зарфиятҳои худро бахубӣ нишон дод.

Ҷумҳурии исломии Эрон бо раёсати таъсиргузори худ бар ниҳодҳои бузурге ҳамчун ҷунбиши ғайри мутааҳҳидҳо дидгоҳҳои созандаеро дар заминаи таомулоти минтақаӣ ва байналмилалӣ дар ҷиҳати кумак ба тавсеаи пойдор ва тақвияти сулҳу амнияти ҷаҳонӣ ба буруз ва зуҳур расондааст. Раёсати гурӯҳи 77 низ, ки олитарин органи сиёсӣ дар сохтори созмонии ин гурӯҳ маҳсуб мешавад, метавонад арсаи тозае барои истимрори ин нақшофаринӣ бошад.

Гурӯҳи 77 маҳмале барои баён ва иртиқои манофеи ҷамъии кишварҳои дар ҳоли тавсеа ва афзоиши қудрати музокираи ин кишварҳо дар Созмони милали муттаҳид дар заминаи масоили иқтисодӣ ва афзоиши ҳамкории фаннӣ ва иқтисодӣ миёни кишварҳои узв аст. Аз ин манзар Эрон бо истифода аз таҷрубиёти худ дар маҷомеъ, нишастҳо ва фарояндҳои байналмилалӣ метавонад дар ростои аҳдофи калони ин гурӯҳ дар ҳавзаи масоили ҷаҳонӣ ва мушорикатҳои дарунӣ, дараваи раёсати худ бар гурӯҳи 77-ро ба арсаи дигаре аз фаъолиятҳои пуёи дипломатии ҷумҳурии исломии Эрон табдил кунад.